Ҷаҳиши қурби рубли Русия дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир ТрефиловМонеты номиналом один рубль.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.08.2022
Обуна шудан
Дар пайи поинравии чандрӯза арзиши рубли Русия зимни харидуфурӯш дар бозори нақдӣ ва ғайринақдии Тоҷикистон якбора боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 ҳазор рубли русиро муодири 168 сомонӣ муқаррар кардааст, ки дар муқоиса бо нишондоди пешӣ қариб 4 сомонӣ зиёдтар мебошад. Қурби рубл рӯзе қабл 0.1642 сомониро ташкил медод.
Асъори амрикоӣ дар бозори пулии Тоҷикистон нисбатан камарзиш шуда, 1 доллари ИМА муодили 10.2545 сомонӣ мебошад. Бонки миллии ҷумҳурӣ қурби 1 евроро 10.4370 сомонӣ муқаррар кардааст, ки он ҳам дар қиёс бо рӯзи қаблӣ поин рафтааст.
Дар мавриди қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон БМТ иттилоъ додааст, ки 1 доллари ИМА ба ивази 10.2545 то 10.2500 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Долларовая купюра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Мақомоти Русия қурби мусоиди долларро барои кишвар гуфтанд
Нархи миёнаи харидуфурӯши рубли русӣ дар бозори нақдӣ аз 0.1680 то 0.1705 сомонӣ нишон дода шудааст. Рӯзе пеш ин нишондод аз 0.1642 то 0.1665 сомониро ташкил медод.
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон 1 евро ба ивази 10.4370 то 10.4500 сомонӣ харидуфурӯш мекунанд.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллии ҷумҳурӣ таъкид намудаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0