https://sputnik.tj/20220819/imzoi-qarordod-vazorati-naqliyot-shirkati-isan-1050828222.html
Имзои қарордод миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати ISAN
Имзои қарордод миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати ISAN
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт ва ширкати ISAN барои назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ қарордод ба имзо расониданд
2022-08-19T18:00+0500
2022-08-19T18:00+0500
2022-08-19T21:35+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
вазорати нақлиёт
имзо
қарордод
ширкат
суғд
вмкб
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050827985_0:13:1024:589_1920x0_80_0_0_1da2233a43e9aeb1064ce54e836050d5.jpg
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Джон Хи Де, мудири филиали ширкати ISAN дар Алмаато аз ҷониби ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group дар умури хизматрасониҳои машваратӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ қарордод ба имзо расониданд, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин қарордод дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” амалӣ мешавад.Иттилоъ дода шудааст, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва бунёди роҳи мошингард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.Инчунин дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст.Тибқи иттилои вазорати нақлиёт таҷдиди қитъаи роҳи Куруш – Бекобод бо дарозии — 12,3 км, таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии — 22,0 км, навсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км. ва навсозии қитъаи Конибодом — Кучкак бо дарозии 10,3 км. Дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220716/uzbekiston-hakat-avtobus-rusiya-1050042624.html
суғд
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050827985_0:0:1024:768_1920x0_80_0_0_340fa54712aa9ac2512e705d9784061c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, имзо, қарордод, ширкат isan, суғд, вмкб
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, имзо, қарордод, ширкат isan, суғд, вмкб
Имзои қарордод миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати ISAN
18:00 19.08.2022 (Навсозишуда: 21:35 19.08.2022) Вазорати нақлиёт ва ширкати ISAN барои назорати корҳои сохтмонӣ дар вилоятҳои Суғд ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарордод ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Джон Хи Де, мудири филиали ширкати ISAN дар Алмаато аз ҷониби ширкатҳои муштараки ISAN Corporation + М50 Consulting Group дар умури хизматрасониҳои машваратӣ барои назорати корҳои сохтмонӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ қарордод ба имзо расониданд, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ин қарордод дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” амалӣ мешавад.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар доираи лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” дар Бадахшон сохтмони пул аз болои дарёи Ғунд, воқеъ дар хиёбони Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ бо дарозии 200 метр пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин манбаъ қайд кардааст, ки сохтмони роҳҳои ба он пайвастшаванда бо дарозии 1,1 км ва бунёди роҳи мошингард дар мавзеи Барсем бо дарозии 3,4 км бо назардошти сохтмони ду долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 840м (290м+550м) ва сохтмони як пул бо дарозии 82,3 метр пешбинӣ шудааст.
Инчунин дар ҳудуди вилояти Суғд навсозӣ ва таҷдиди қитъаҳои роҳҳои мошингард бо дарозии умумии 51,2 км ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёт таҷдиди қитъаи роҳи Куруш – Бекобод бо дарозии — 12,3 км, таҷдиди қитъаи Деҳмой – Б.Ғафуров бо дарозии — 22,0 км, навсозии қитъаи Б.Ғафуров – Хистеварз бо дарозии 6,6 км. ва навсозии қитъаи Конибодом — Кучкак бо дарозии 10,3 км. Дар назар аст.