Тавсеа равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ баррасӣ шуд

© © https://twitter.comПервый зам. верховного суда Ирана Мухаммади Мусаддик
Первый зам. верховного суда Ирана Мухаммади Мусаддик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Дар дидори раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон дар Душанбе масъалаи тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳавзаи қазоӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон дар шаҳри Душанбе дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Тибқи иттилои манбаъ, дар дидори Муҳаммади Мусаддиқ, муовини аввали Қувваи қазоия, ки ба манзури ширкат дар ҳафдаҳумин иҷлоси руасои додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон сафар кардааст, бо Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон масъалаи тавсеаи равобити қазоии ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ин мулоқот, ки Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур дошт, бар зарурати тавсеаву иртиқои равобити Эрону Тоҷикистон дар ҳавзаи қазоӣ таъкид кард.
Вай афзуд, заминаҳои ҳамкории миёни ду кишвар мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифт.
Флаги и эмблема ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Руасои Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ вориди Душанбе шуданд
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Тоҷикистон 17-умин нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Ба ҷуз аз ҷаласаи умумӣ, баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони додгоҳҳои олӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинӣ Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Русия низ ширкат дорад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0