https://sputnik.tj/20220818/ravonshinosi-mudiri-navi-bakhshi-maorifi-bobojon-ghafurov-1050802063.html
Равоншиноси 42-сола мудири нави бахши маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд
Равоншиноси 42-сола мудири нави бахши маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо наздик шудани соли нави хониш таъйину барканории мудирони идораҳои маориф шурӯъ шудааст
2022-08-18T18:45+0500
2022-08-18T18:45+0500
2022-08-18T18:45+0500
дар тоҷикистон
суғд
таъйиноти кадрӣ
маориф
ноҳияи бобоҷон ғафуров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/12/1050798132_0:206:1846:1244_1920x0_80_0_0_b159c415cb9096393e3a1999368c2111.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Вазир Саидзода Раҳим Ҳамро бо фармони нави худ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таъйин намуд.Бар асоси фармони вазир, Ғаффорзода Нигора Маруф мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардидааст.Дар ин бора Уғулой Қосидзода, котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод ва афзуд, ки мудири нави идораи маориф имрӯз муаррифӣ шудааст.“Имрӯз дар толори идораи маорифи ноҳия ҷаласа доир шуд ва дар он мудири нав Ғаффорзода Нигора Маъруф муаррифӣ шуд. Дар ҷаласаи муаррифии мудири нав ба ҳисоби роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, Дилбар Алихонзода, корманди вазорати маориф, Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Дилором Турсунова, муовини раиси ноҳия ширкат намуданд” – гуфт, котиби матбуот.Бино ба иттилоъи манбаъ Ғаффорзода Нигора дар ин мақоми нави вазифавӣ ҷойи Дилбар Бобоеваро иваз намудааст. Мудири собиқи идораи маориф ба нафақа баромадааст.Ғаффорзода Нигора Маруф соли 1980 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, филиали Ҳуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисосӣ муҳандис технолог ва инчунин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси равоншиноси амалӣ ва мураббияи томактабӣ хатм намудаааст.Ӯ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори МТМУ №10 –и шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) оғоз намуда, сипас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вазифаҳои мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири муассисаҳои томактабӣ шаҳри Бӯстон фаъолият кардааст.Ғаффорзода то ин замон директори муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кӯдакони ятим ва бапарастор” –и Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон буд.Бо наздик шудани соли нави хониш таъйину барканории мудирони идораҳои маориф шурӯъ шудааст. Чанд рӯз қабл Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илм бо судури фармонҳои худ мудирони идораҳои маорифи шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанди Суғдро иваз кард.
https://sputnik.tj/20220817/taghyirot-kadri-maorif-energetika-1050778634.html
https://sputnik.tj/20220802/taghyiroti-kadri-maorifi-dushanbe-1050445386.html
суғд
ноҳияи бобоҷон ғафуров
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/12/1050798132_33:0:1737:1278_1920x0_80_0_0_8a231e13c84175c877ce5fce14d955f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, бобоҷон ғафуров, маориф, таъйиноти кадрӣ, барканорӣ, хониш
тоҷикистон, суғд, бобоҷон ғафуров, маориф, таъйиноти кадрӣ, барканорӣ, хониш
Равоншиноси 42-сола мудири нави бахши маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо наздик шудани соли нави хониш таъйину барканории мудирони идораҳои маориф шуруъ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Вазир Саидзода Раҳим Ҳамро бо фармони нави худ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро таъйин намуд.
Бар асоси фармони вазир, Ғаффорзода Нигора Маруф мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин гардидааст.
Дар ин бора Уғулой Қосидзода, котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба
Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод ва афзуд, ки мудири нави идораи маориф имрӯз муаррифӣ шудааст.
“Имрӯз дар толори идораи маорифи ноҳия ҷаласа доир шуд ва дар он мудири нав Ғаффорзода Нигора Маъруф муаррифӣ шуд. Дар ҷаласаи муаррифии мудири нав ба ҳисоби роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия, Дилбар Алихонзода, корманди вазорати маориф, Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Дилором Турсунова, муовини раиси ноҳия ширкат намуданд” – гуфт, котиби матбуот.
Бино ба иттилоъи манбаъ Ғаффорзода Нигора дар ин мақоми нави вазифавӣ ҷойи Дилбар Бобоеваро иваз намудааст. Мудири собиқи идораи маориф ба нафақа баромадааст.
Ғаффорзода Нигора Маруф соли 1980 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, филиали Ҳуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисосӣ муҳандис технолог ва инчунин Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси равоншиноси амалӣ ва мураббияи томактабӣ хатм намудаааст.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгори МТМУ №10 –и шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) оғоз намуда, сипас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар вазифаҳои мудири бахши кор бо занон ва оила, мудири муассисаҳои томактабӣ шаҳри Бӯстон фаъолият кардааст.
Ғаффорзода то ин замон директори муассисаи давлатии “Мактаб интернат барои кӯдакони ятим ва бапарастор” –и Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон буд.
Бо наздик шудани соли нави хониш таъйину барканории мудирони идораҳои маориф шурӯъ шудааст. Чанд рӯз қабл Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маориф ва илм бо судури фармонҳои худ мудирони идораҳои маорифи шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанди Суғдро иваз кард.