https://sputnik.tj/20220818/nigaroni-kolokoltsev-afzoish-nasha-afghoni-1050800766.html
Нигаронии Колоколтсев аз афзоиши нашъаи афғонӣ ва умед ба азсаргирии амалиёти "Паутина"
Нигаронии Колоколтсев аз афзоиши нашъаи афғонӣ ва умед ба азсаргирии амалиёти "Паутина"
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилии Русия аз афзоиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон гуфта, аз ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви СҲШ муборизаи якҷояро тақозо кард
2022-08-18T17:30+0500
2022-08-18T17:30+0500
2023-02-08T19:44+0500
афғонистон
маводи мухаддир
сҳш
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102018/99/1020189987_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_d556f30273ddf0241ab5a8d92bd44a17.jpg
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо беист идома дорад, мегӯяд Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев.Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти вазирони умури дохила ва амнияти миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт.Гузашта аз ин, ба гуфи мавсуф "навъҳо" аз ҳисоби метамфетамин ва марихуана васеътар мешавад.Вазири корҳои дохилаи Русия гуфтааст, ки бесаброна интизорем, ки амалиёти зидди маводи мухаддири "Паутина", ки унсури муҳими фаъолияти амалии мост, аз сар гирифта шавад. Оқои Колоколтсев гуфт, кӯшишҳои як қатор мамлакатҳо барои суст кардани низоми байналхалқии назорати маводи нашъаовар ҳоло ҳам боиси ташвиши амиқ мегарданд. "Мо ҷонибдори ҳифз ва таҳкими системаи байналмилалии назорати маводи мухаддир дар асоси се конвенсияи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ҳастем", - таъкид кард мавсуф.Вай аз зарурати густариши муколама дар ин мушкили глобалӣ миёни СҲШ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори назар карда, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҷониби Русия дар ҳошияи ҷаласаҳои дахлдори баргузории чорабиниҳои солонаи сатҳи баланд ва муцовимат ба ин падида мусоидат мекунад.Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни як нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки толибон бо ваъдаашон дар бораи мубориза бо маводи мухаддиро иҷро накарданд.Ӯ таъкид кард, ки раванди вуруди маводи мухаддир дар давраи ҳукмронии онҳо ба маротиб бештар шудааст.Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани толибон то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод, дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20220805/afzoishi-qochoqi-mavodi-mukhaddir-tojikiston-tolibon-1050510674.html
https://sputnik.tj/20220728/tolibon-kobulov-mavod-mukhaddir-afghoniston-1050323298.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102018/99/1020189987_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_5bc9cecb477b7234c1575517dc8c7cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ колоколтсев афзоиш нашъа афғонӣ
нигаронӣ колоколтсев афзоиш нашъа афғонӣ
Нигаронии Колоколтсев аз афзоиши нашъаи афғонӣ ва умед ба азсаргирии амалиёти "Паутина"
17:30 18.08.2022 (Навсозишуда: 19:44 08.02.2023) Вазири корҳои дохилии Русия аз афзоиши интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон гуфта, аз ҳамтоёнаш дар кишварҳои узви СҲШ муборизаи дастаҷамъиро тақозо кард
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо беист идома дорад, мегӯяд Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти вазирони умури дохила ва амнияти миллии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой изҳор дошт.
"Бо вуҷуди изҳороту эъломияи мақомот, ҷараёни интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон суст намешавад",- афзуд ӯ.
Гузашта аз ин, ба гуфи мавсуф "навъҳо" аз ҳисоби метамфетамин ва марихуана васеътар мешавад.
Вазири корҳои дохилаи Русия гуфтааст, ки бесаброна интизорем, ки амалиёти зидди маводи мухаддири "Паутина", ки унсури муҳими фаъолияти амалии мост, аз сар гирифта шавад.
Оқои Колоколтсев гуфт, кӯшишҳои як қатор мамлакатҳо барои суст кардани низоми байналхалқии назорати маводи нашъаовар ҳоло ҳам боиси ташвиши амиқ мегарданд.
"Мо ҷонибдори ҳифз ва таҳкими системаи байналмилалии назорати маводи мухаддир дар асоси се конвенсияи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ҳастем", - таъкид кард мавсуф.
Вай аз зарурати густариши муколама дар ин мушкили глобалӣ миёни СҲШ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори назар карда, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҷониби Русия дар ҳошияи ҷаласаҳои дахлдори баргузории чорабиниҳои солонаи сатҳи баланд ва муцовимат ба ин падида мусоидат мекунад.
Қаблан вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни як нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки толибон бо ваъдаашон дар бораи мубориза бо маводи мухаддиро иҷро накарданд.
Ӯ таъкид кард, ки раванди вуруди маводи мухаддир дар давраи ҳукмронии онҳо ба маротиб бештар шудааст.
Тибқи иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани толибон то моҳи июли соли равон дар ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод, дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаю 185 килограммро ташкил медод.