Муҳоҷиронро барои маблағи ночиз мекушт: эълони ҳукми зиндони Суҳроби Иброҳим

© AFP 2023 / ROMEO GACADЗаключенные в тюрьме, архивное фото
Заключенные в тюрьме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Ӯ дар ҳамдастӣ ва маслиҳат бо як шарикаш аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ду муҳоҷирро дар вақтҳои гуногун, аммо бо як усул ба қатл расонидааст
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон Суҳроби Иброҳим Каримзодаро бо ҷурми одамкушӣ барои 25 сол равонаи зиндон кард.
Бино ба иттило дафтари матбуотии Прокуратураи генералии кишвар ӯ дар куштори ду муҳоҷир дар шаҳри Ступинои вилояти Маскави Федератсияи Руссия муҷрим дониста мешавад.
Гуфта мешавад, моҳи декабри соли 2016 Каримзода ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ӯзбекистон Рустамов Шуҳрат, шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмонов Лутфуллоро куштаанд.
Онҳо аз рӯи маслиҳати пешакӣ Лутфуллоро даъват карда, ба кӯчаи Чайковскии шаҳри Ступино бурда, баъди расидан ба маҳаллаи зикршуда, ӯро, ки дар курсии пеш менишаст, буғӣ карда куштаанд.
Баъди куштани ҳамватан аз ҷайби ӯ 4000 рубли русӣ ва телефони мобилии тамғаи “Nokia- 230”-ро, ки 2961 рубл арзиш дошт гирифта, ҷасадашро дар мавзеи беодами наздикии истгоҳи нақлиётии “Песочная”-и шаҳри мазкур партофтаанд.
Гербы на воротах здания Генеральной прокуратуры РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Додситонии Маскав марги фоҷиабори муҳоҷири тоҷикро таҳқиқ мекунад
Каримзода бо ҳамдасти ӯзбекаш ин бор қасди куштори шаҳрванди Ӯзбекистон Исматов Ш.Н.-ро тарҳрезӣ мекунанд.
Онҳо бо усули қаблӣ Исматовро, ки сари чамбараки мошинаш нишаста буд, ӯро буғӣ карда, мекушанд.
Пас аз куштор аз ҷайби ӯ низ 1000 рубли русӣ, телефони мобилии тамғаи “Samsung-13”, ки 7543 рубли русӣ арзиш дошт, гирифта, ҷасадашро дар мошини тамғаи “Опел Зафира”, ки аз шаҳрванди Русия буд бор карда, дар мавзеи беодами 66 км канори шоҳроҳи автомобилгарди “Каширское шоссе”-и ҳудуди ноҳияи Домодедовои вилояти Москва бурда, партофтаанд.
Худравро, ки 400 821 рубли русӣ арзиш дошт, ба шаҳрванди Руссия Рамазанов Ахмед ба маблағи 79000 рубли русӣ фурӯхта, маблағҳои гирифтаро ба минфиатҳои шахсиашон сарф кардаанд.
Ҳамин тариқ додгоҳ бар асоси моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а, з, и, п,” ва 249 қисми 3 бандҳои “а, г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзодаро 25 ҳукм додд, ки ин муҳлатро мавсуф дар зиндони низомаш сахт мегузаронад.
Лентаи хабарҳо
0