Эълони маҳдудияти ҳаракат дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ба муҳлати номуайян

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗнак "Стоп", архивное фото
Знак Стоп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Обуна шудан
Ин кӯча бо сабаби корҳои таъмириву тармимӣ баста шуда, аз ронандагон хоста шудааст, ки аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 18 авг – Sputnik. Ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои пойтахт маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нашри як эълон хабар додааст.
БА иттилои манбаъ, маҳдудият сар аз фардо ҷорӣ хоҳад шуд.
"Бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
Аз ин ронандагони воситаҳои нақлиёт даъват шудааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
Дар дар ҳамин ҳол, шаҳрдорӣ муҳлати иҷрои корҳои таъмирӣ ва дигарбора боз шудани ин қитъаи роҳро ироа накардааст.
Лентаи хабарҳо
0