Толибон мавлавӣ Маҳдӣ, ҳамкори собиқи худро куштанд

© https://twitter.comМавлави Махди, полевой командир талибов
Мавлави Махди, полевой командир талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Вазорати дифои толибон ахиран аз кушта шудани мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазоратабори ҷудошуда аз ин гурӯҳ хабар дод
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Вазорати дифои ҳукумати муваққати толибон эълом кард, ки Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи норозии ҳазоратабори ин гурӯҳ дар Ҳирот ба дасти неруҳои марзии толибон кушта шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин гузориш иддао шуда, ки мавлавии Маҳдӣ дар ҳоли фирор ба Эрон дар минтақаи марзии ду кишвари кушта шудааст.
Наздикони Маҳдӣ Муҷоҳид то кунун дар ин бораи изҳор назаре накардаанд.
Маҳдӣ Муҷоҳид танҳо фармондиҳи шиъа ва ҳазоратабори гурӯҳи толибон буд, ки ибтидо аз сӯйи ҳайати ҳокимаи кунунии Афғонистон ба самти раёсати истихбороти толибон дар Бомиён мансуб ва пас аз муддате бо ин гурӯҳ дучори ихтилоф ва аз самти худ барканор шуд.
Бо афзоиши ихтилофоти миёни Меҳдӣ Муҷоҳид ва толибон, вай ба зодгоҳи худ Балхоб гурехт ва дар онҷо алайҳи ҳукумати толибон шуриш кард.
Даргирӣ миёни неруҳои Маҳдӣ Муҷоҳид ва толибони рӯзҳо ба тӯл анҷомид ва шумори зиёде куштаву овора бар ҷой гузошт.
Пас аз он гуфта шуд, ки Маҳдӣ Муҷоҳид ба навоҳии кӯҳистонӣ гурехта ва дар муҳосираи неруҳои толибон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0