Сӣ соли шуҳрат. Федератсияи таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон солгардашро таҷлил мекунад

© пресс-служба НФТиКФедерация таэквондо и кикбоксинга Таджикистана
Федерация таэквондо и кикбоксинга Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.08.2022
Обуна шудан
Сӣ сол пеш Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Тоҷикистон таъсис шуд. Танҳо гурӯҳе аз ҳаваскорон мехостанд, дар кишвар ин санъати размиро тавсеа диҳанд
ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Он замон хеле душвор буд: дар Тоҷикистон муқовимати шаҳрвандӣ дар авҷ буд, мухолифони оштинопазири сиёсӣ ба задухӯрдҳои мусаллаҳона ворид шуда буданд, ҷаноби “Калашников” иродаи худро дар кишвар дикта мекард.
Федератсия дар тӯли 30 соли мавҷудияташ ҳама пастиву баландиҳоро аз сар гузаронд. Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, аз се рӯйдоди муҳимтарин дар таърихи ФМТ ёдовар шавад.
"Дар ин рӯйхат, албатта, аввалин сафари асосгузори таэквондчиёни ҷаҳон, генерал Чой Ҳонг Ҳӣ ба Душанбе мебошад. Пас аз он ки варзишгари мо Тимур Султонов бори аввал дар чемпионати ҷаҳон дар Варшава медали тило гирифт, генерал изҳори хоҳиш кард, ки ба Тоҷикистон сафар кунад ва шахсан бо хатмкардагони федератсия ошно шавад", - ба ёд меорад Мирсаид Яҳёев, президенти ФМТ.
Флаги Таджикистана и олимпийского флага, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2022
Қарни нав дар варзиш: Чориева ва Неъматов собиқ олимпиёнро бармегардонанд
Ӯ гуфт, ҳама ба эҳтимоли чунин ҳодиса бовар надоранд, аммо дар моҳи июни соли 1995 Чой Ҳонг Ҳӣ, воқеан, ба Душанбе омада, барои дастаи мунтахаби кишвар чанд дарси маҳорат гузаронида, ба хатмкунандагони шуъбаи таэквондои Донишкадаи варзиши Тоҷикистон шаҳодатномаи чорум дан тақдим кард, гарчанде ки пеш аз ин онхо ҳамагӣ шаҳодатнома 2-юм дарн доштанд. Ин аввалин эътирофи хидматҳои федератсияи ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ буд.
"Ҳодисаи дуюм, ки на танҳо барои мо, балки барои тамоми Тоҷикистон хеле муҳим буд, дар кишвар бо ширкати намояндагони 52 кишвари ҷаҳон баргузории Чемпионати таэквондои ҷаҳон буд. Мусобиқа дар ҷумҳурӣ барои бори аввал баргузор гардид. Дар пахши мустақими телевизион ҳамватанон диданд, ки чӣ гуна писарону духтарони тоҷик дар минбари ҷаҳонӣ қарор доранд. Дастаи мунтахаби кишвар дар рақобати шадид 10 медали тило ба даст овард”, - таъкид кард Яҳёев.
Федератсия дар тӯли мавҷудияти худ 59 чемпиони ҷаҳонро тарбият кард. Ин нисбат ба дигар сохторҳои варзишии Тоҷикистон муваффақияти бузургтар аст. Дар чемпионатҳои қитъавии Аврупо ва Осиё пирӯзиҳои зиёде ба даст омадаанд ва ҳатто "тило"-ҳои мусобиқоти байналмилалии дараҷаи дувумро метавонем ҳисоб накунем.
Агар танҳо дастовардҳои варзишии ахири мунтахаби кишварро ба назар гирем, пас дар охири моҳи декабри соли 2021 варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон 3, дар Ҷоми ҷаҳонии таэквондо дар Минск 7 “тило” ба даст овардаанд. Зимнан дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг дар Истанбул варзишкорон 11 ҷоизаи бартар ва 26 медали тило дар моҳи июн дар мусобиқаи “Uzbekistan Open” дар Тошканд ба даст оварданд.
"Вақте ки мо аз мусобиқаҳои хеле бонуфуз чунин як қатор ҷоизаҳо меорем, бадзабонҳое мегӯянд, ки онҳоро барои иштирок дар он ҷо танҳо аз рӯи вазн медиҳанд, аммо ин тавр нест. Масалан, мо ба Истанбул 20 нафар варзишгар фиристодем, ки 11 нафарашон қаҳрамони ҷаҳон шуданд. Ин аз дараҷаи баланди тайёрии размикорон шаҳодат медиҳад", — бо табассум мегӯяд Мирсаид Яҳёев.
Дар ҳамин ҳол ӯ таъкид мекунад, ҳиссаи аслии хароҷоти ширкат дар мусобиқоти хориҷӣ аз ҳисоби федератсия, сарпарастон ва волидон аст. Даста инчунин нақша дорад, ки дар Қаҳрамонии кикбоксинги Осиё дар Бангкок (Таиланд) ва Қаҳрамонии I таэквондои Осиёи Марказӣ, ки қарор аст, дар Алмаато ё Чимкент (Қазоқистон) баргузор шавад, ширкат кунад.
Ҳамин тариқ хазинаи унвонҳо ва медалҳои Федератсия то охири соли 2022, бешубҳа, пурра мегардад. Боиси хушнудист, ки дар рӯзҳои душвор размозмоёни тоҷик тавонистаанд рӯҳияи қаҳрамониро нигоҳ доранд.
"Ҳамаи ин маҳдудиятҳои пандемия, дигар паҳлуҳои номусоид, ки солҳои охир ба амал омадаанд, албатта, рушди варзиши моро дар кишвар хеле суст карданд, аммо ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки мо буҳронҳоро паси сар кардем ва омодаем, дубора бо бодбони комил ва дар як-ду соли наздик ҷойгоҳи шоистаи худро дар элитаи таэквондо дар ҷаҳон пайдо кунем”, — хулоса мекунад Мирсаид Яҳёев.
Фақат талаби муваффақиятҳои варзишӣ ва пирӯзиҳои минбаъда дар татами ва ринг боқӣ мондааст. Ҷашн муборак, ифтихори миллии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0