Ӯзбекистон пешниҳод дорад, ки ҳамоиши аграрии кишварҳои узви СҲШ барпо шавад

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанКомбайны собирают урожай пшеницы
Комбайны собирают урожай пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Дар ҳошияи форуми иқтисодӣ дар Тошканд кишварҳои узви СҲШ ва нозир ба баргузории нишасти нави марбути соҳаи кишоварзӣ даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ӯзбекистон пешниҳоде барои созмондиҳии ҳамоиши байналмилалии кишоварзӣ дар доираи СҲШ-ро кардааст.
Чорабинӣ таҳти унвони “Ҳамкорӣ дар бахши агросаноатӣ ва имконоти ҳамкорӣ” дар чаҳорчӯби дувумин Анҷумани иқтисодии СҲШ, ки дар Тошканд оғоз шуд, пешниҳод гардид.
Маълум аст, ки дар доираи ҳамоиш намояндагони кишварҳои ширкаткунанда нақшаи чорабиниҳои муштаракро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои муштарак дар бахши кишоварзӣ таҳия мекунанд.
Масъалаҳои омӯхтан ва ҷорӣ намудани технологиям навтарини хоҷагии қишлоқ ва усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, тобоварӣ ба касалиҳои растанӣ, сарфаи захираҳои об муҳокима карда мешаванд.
Подготовка к проведению ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Дар Тошканд ҳамоиши занон аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад
Ба гуфтаи Азиз Воитов, муовини аввали вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон, дар конфронс на танҳо кишварҳои узви СҲШ, балки онҳое, ки аъзои созмон нестанд, метавонанд ширкат кунанд.
"Нахустин чунин форумро омодаанд, ки моҳи майи соли 2023 дар Ӯзбекистон баргузор кунанд", — хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Қобили зикр аст, ки аз 16 то 17 август дар пойтахти Ӯзбекистон Форуми иқтисодии СҲШ ҷараён дорад, ки дар доираи он дидору гуфтугӯҳои дуҷониба доир мегардад.
Иштирокчиён аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон имконоти иқтисоди рақамӣ, технологияҳои сабз, ҳамкории сармоягузорӣ, саноатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ҳамоиш моҳи июни соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд.
Форуми иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай як платформаи муассир барои муколамаи байниҳукуматӣ ва ҳамкории намояндагони корхонаҳо ва сармоягузорон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0