https://sputnik.tj/20220816/tamdid-mahdudiyat-furudgoh-rusiya-1050745372.html
Тамдиди маҳдудияти кори фурудгоҳҳо дар ҷанубу маркази Русия
Тамдиди маҳдудияти кори фурудгоҳҳо дар ҷанубу маркази Русия
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудиятҳо дар қабули гусели ҳавопаймоҳо дар 11 фурудгоҳи Русия ним соли қабл дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардид
2022-08-16T15:20+0500
2022-08-16T15:20+0500
2022-08-16T16:38+0500
нақлиёт
парвоз
ҳавопаймо
дар русия
амалиёт
фурудгоҳ
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:66:2371:1399_1920x0_80_0_0_fadb45d1acec8b784edba425af4f79c8.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Маҳдудияти парвозҳо ба фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 23 август тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия"."Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 23 август амал мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли "Росавиатсия".Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд."Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220816/rusiya-charkhbol-afghoniston-ukraina-intiqol-1050743249.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044974979_0:0:2107:1580_1920x0_80_0_0_bdc7386e2f618aae3d20f376289e01aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳдудият, кор, фурудгоҳ, русия, тамдид
маҳдудият, кор, фурудгоҳ, русия, тамдид
Тамдиди маҳдудияти кори фурудгоҳҳо дар ҷанубу маркази Русия
15:20 16.08.2022 (Навсозишуда: 16:38 16.08.2022) Маҳдудиятҳо дар қабулу гусели ҳавопаймоҳо дар 11 фурудгоҳи Русия ним соли қабл дар пайи оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина роҳандозӣ гардида буд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Маҳдудияти парвозҳо ба фурудгоҳҳо дар марказу ҷануби Русия то 23 август тамдид шуд, хабар дод "Росавиатсия".
"Низоми маҳдудияти парвозҳо ба 11 фурудгоҳ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Русия дахл дошта, то 23 август амал мекунад", - овардааст РИА "Новости" аз қавли "Росавиатсия".
Дар феҳрасти фурудгоҳҳое, ки парвоз ба онҳо мутаваққиф шудааст, Анапа, Белгород, Брянск, Воронеж, Геленҷик, Краснодар, Курск, Липетск, Ростови лаби Дон, Симферопол ва Элиста зикр гардидаанд.
"Росавиатсия" ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия тавсия додааст, ки аз масирҳои дигар барои анҷоми парвозҳо истифода кунанд. Аз ҷумла барои сафар ба минтақаҳое, ки маҳдудият доранд, истифода аз фурудгоҳҳои Сочи, Волгоград, Минералние Води, Ставропол ва Маскав маслиҳат дода шудааст.
Таъкид гардидааст, ки фурудгоҳҳои тавсияшуда зарфияти кофӣ барои хидматрасонӣ ба мусофирони иловагиро доранд.
Маҳдудияти парвози ҳавопаймоҳои мулкӣ ба бархе аз манотиқи Русия дар пайи оғози амалиёти низомӣ дар Украина шуруъ шуд.
Русия 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.