https://sputnik.tj/20220816/tafsilot-harakat-qator-rusiya-tojikiston-1050754592.html
Тафсилоти ҳаракати қатор миёни Русия ва Тоҷикистон
Тафсилоти ҳаракати қатор миёни Русия ва Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаракати қатори мусофирбар миёни Тоҷикистону Русия қабл аз муҳлати эълоншуда оғоз гардида, нахустин мусофирон аз Кӯлоб ба самти Волгоград раҳсипор шуданд
2022-08-16T18:50+0500
2022-08-16T18:50+0500
2022-08-16T18:50+0500
нақлиёт
мусофирбар
қатор
роҳи оҳан
ҳаракат
кӯлоб
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050751694_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_5df6943e0037db65ba6b16a2c163d901.png
Баъди танаффуси беш аз дусола соати 00:10-и 16-уми август аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград раҳсипор шуд. Интизор меравад, ки нахустин мусофирон рӯзи ҷумъа ба онҷо расанд. Тӯли ин хатсайр беш аз 3,3 ҳазор километрро ташкил дода, муҳлати сафар низ ҳудуди 3 рӯзу 3 соатро фаро хоҳад гирифт. Қимати билет барои платскарт дар ин масир наздики 1,6 ҳазор сомонӣ ва барои купе ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сафар дар қатори нахустин ҳудуди 600 чипта фурӯхта шудааст. Оғози ҳаракати қатори мусофирбар миёни Душанбе ва ТошкандИнчунин дар назар аст, ки рӯзи 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград оғоз мешавад. Маврид ба зикр аст, ки пас аз хуруҷи коронавирус дар соли 2020-ум ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия мутаваққиф шуд. Мусофирон тайи ин муддат танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун ҳаракати қаторҳо дар ин самт эҳё шуд.
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/10/1050751694_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_27543d6fd69e2568bf0e6df2f99f96d2.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, ҳаракат, қатор, мусофирбар, тоҷикистон, русия
тафсилот, ҳаракат, қатор, мусофирбар, тоҷикистон, русия
Тафсилоти ҳаракати қатор миёни Русия ва Тоҷикистон
Ҳаракати қатори мусофирбари миёни Тоҷикистону Русия қабл аз муҳлати эълоншуда оғоз гардида, нахустин мусофирон аз Кӯлоб ба самти Волгоград раҳсипор шуданд
Баъди танаффуси беш аз дусола соати 00:10-и 16-уми август аввалин қатор аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ба Волгоград раҳсипор шуд. Интизор меравад, ки нахустин мусофирон рӯзи ҷумъа ба онҷо расанд.
Тӯли ин хатсайр беш аз 3,3 ҳазор километрро ташкил дода, муҳлати сафар низ ҳудуди 3 рӯзу 3 соатро фаро хоҳад гирифт.
Қимати билет барои платскарт дар ин масир наздики 1,6 ҳазор сомонӣ ва барои купе ҳудуди 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сафар дар қатори нахустин ҳудуди 600 чипта фурӯхта шудааст.
Инчунин дар назар аст, ки рӯзи 27 август ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе - Волгоград ва рӯзи 7 сентябр дар самти Хуҷанд - Волгоград оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз хуруҷи коронавирус дар соли 2020-ум ҳаракати қатор миёни Тоҷикистону Русия мутаваққиф шуд.
Мусофирон тайи ин муддат танҳо аз роҳи ҳавоӣ метавонистанд, аз Тоҷикистон ба Русия сафар кунанд. Баъдан ҳаракат аз тариқи автобусҳо роҳандозӣ шуд ва акнун ҳаракати қаторҳо дар ин самт эҳё шуд.