https://sputnik.tj/20220816/qat-obrasoni-khujand-kadom-kuchaho-1050740804.html
Қатъи обрасонӣ дар Хуҷанд: кай ва дар кадом кӯчаҳо?
Қатъи обрасонӣ дар Хуҷанд: кай ва дар кадом кӯчаҳо?
Sputnik Тоҷикистон
Дар чанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд интиқоли об қатъ мешавад ва масъулони "Хуҷандводоканал" аз сокинон хоҳиш карданд, ки обро захира намоянд
2022-08-16T09:31+0500
2022-08-16T09:31+0500
2022-08-16T16:47+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
қатъи обрасонӣ
огоҳӣ
оби ошомиданӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_2a6900a9c7822e448fd8d17780b156e3.jpg
ДУШАНБЕ, 16 авг— Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли об муваққатан қатъ мегардад.Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандводоканал" иттилоъ медиҳад.Маҳдудияти обтаъминкунӣ бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирӣ сурат мегирад.Ҳамин тавр, аз соати 8:00-и рӯзи 18 август ба далели таъмири истгоҳи "Нав" дар иншоотҳои обтаъминкунии "4", "4а" об қатъ мешавад.Маҳдудиятҳо ба навоҳии соҳили рост - 1, 2, 4, 5, 8, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, кӯчаи 80-солагии Душанбе ва маҳаллаи Бешкапа дахл доранд.Дар бораи замони азсаргирии интиқоли об то ҳол хабар дода нашудааст."Хуҷандводоканал" аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардидаи шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки оби ошомиданӣ захира кунанд.Қаблан хабар дода шуда буд, ки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, соҳили рости дарёи Сир аз камбуди оби ошомиданӣ нигаронанд.Ба гуфтаи шаҳрвандон, вақт ва суръати обрасонӣ хеле кам шудааст.
https://sputnik.tj/20220730/aholi-tojikiston-ob-oshomidani-ghafforzoda-1050375193.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102433/65/1024336539_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_1ce164e4515ca24717fac9221f3560d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қатъ обрасонӣ хуҷанд
Қатъи обрасонӣ дар Хуҷанд: кай ва дар кадом кӯчаҳо?
09:31 16.08.2022 (Навсозишуда: 16:47 16.08.2022) Дар чанд кӯчаи шаҳри Хуҷанд интиқоли об қатъ мешавад ва масъулони "Хуҷандводоканал" аз сокинон хоҳиш кардаанд, ки обро захира намоянд
ДУШАНБЕ, 16 авг— Sputnik. Дар чанд кӯча ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд интиқоли об муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора Корхонаи воҳиди давлатии "Хуҷандводоканал" иттилоъ медиҳад.
Маҳдудияти обтаъминкунӣ бинобар сабаби анҷоми корҳои таъмирӣ сурат мегирад.
"Дар робита ба корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар микроноҳияҳои алоҳидаи маркази маъмурии вилояти Суғд - Хуҷанд муваққатан қатъ карда шудааст", — омадааст дар хабар.
Ҳамин тавр, аз соати 8:00-и рӯзи 18 август ба далели таъмири истгоҳи "Нав" дар иншоотҳои обтаъминкунии "4", "4а" об қатъ мешавад.
Маҳдудиятҳо ба навоҳии соҳили рост - 1, 2, 4, 5, 8, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 19, кӯчаи 80-солагии Душанбе ва маҳаллаи Бешкапа дахл доранд.
Дар бораи замони азсаргирии интиқоли об то ҳол хабар дода нашудааст.
"Хуҷандводоканал" аз сокинони маҳаллаҳои дар боло зикргардидаи шаҳри Хуҷанд хоҳиш мекунад, ки оби ошомиданӣ захира кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, соҳили рости дарёи Сир аз камбуди оби ошомиданӣ нигаронанд.
Ба гуфтаи шаҳрвандон, вақт ва суръати обрасонӣ хеле кам шудааст.