Ҳушдори Шойгу аз хатари баланди терроризм дар Осиёи Марказӣ

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия мизони хатари терроризмро дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карда, онро мероси ҳузури нерӯҳои НАТО хонд
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар Осиёи Марказӣ хатари терроризм баланд боқӣ мемонад ва ин мероси ҳузури 20-солаи нерӯҳои Эътилофи Атлантики Шимолӣ - НАТО мебошад.
Ин нуктаро Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, зимни ифтитоҳи конронси Маскав дар мавзӯи амнияти байналмилалӣ дар доираи ҳамоиши "Армия-2022" баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки дар пайи хуруҷи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО аз Афғонистон вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ муташанниҷ боқӣ мемонад.
"Роҳбарияти нави Афғонистон бо мушкилоти ҷиддӣ дар умури низомӣ ва иқтисодӣ дучор шуда истодааст", - изҳор дошт вазири мудофиаи Русия.
Вай мероси ҳузури 20-солаи нерӯҳои Эътилофи Атлантики Шимолиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
"Дар натиҷа хатари баланди терроризм дар минтақа боқӣ мемонад", - таъкид кард вазири мудофиаи Русия.
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.08.2022
ВКХ Русия: Чархболҳои рабудашуда аз Афғонистон эҳтимол ба Украина мунтақил шаванд
Ба гуфтаи Шойгу, масоили амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро метавон танҳо бар асоси иқдоми ҳамоҳангшудаи тамоми тарафҳо, аз ҷумла кишварҳои манфиатдору созмонҳои байналмилалӣ ҳал кард.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.
Лентаи хабарҳо
0