https://sputnik.tj/20220815/shahrdori-dushanbe-qati-ob-oshomidani-1050720061.html
Шаҳрдории Душанбе овозаҳо дар бораи қатъи оби ошомиданиро рад кард
Шаҳрдории Душанбе овозаҳо дар бораи қатъи оби ошомиданиро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти пойтахт ба таваҷҷӯҳи сокинони Душанбе мерасонад, ки дар ояндаи наздик қатъи интиқоли оби ошомиданӣ дар назар нест
2022-08-15T12:33+0500
2022-08-15T12:33+0500
2022-08-16T17:09+0500
дар тоҷикистон
душанбе
оби ошомиданӣ
иҷтимоъ
қатъи обрасонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032703956_0:38:3073:1766_1920x0_80_0_0_07021c37fab50743ebc7d06dcc9c4792.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе иттилоъ дар бораи қатъи навбатии оби ошомиданӣ дар манзилҳои сокинонро рад кард. Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ қайд кард, ки дар ояндаи наздик қатъи интиқоли об дар навоҳии шаҳрӣ дар назар нест. Мақомоти шаҳрдорӣ таъкид кардаанд, ки шаҳрвандони пойтахт ба хабарҳои бардурӯғ ва беасос дар бораи қатъ шудани об бовар накунанд. Гуфта мешавад, ки як рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли об хабари бардурӯғ паҳн шуда буд. Ин боиси ташвишу изтироби сокинони пойтахт гардид.Онҳо мегӯянд, дар сурати такрори чунин хабарҳо ба шӯъбаҳои расмӣ, аз ҷумла: шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии “Душанбеводоканал” ва ҳамчунин расонаҳо такя кунанд.Ёдовар мешвем, ки қаблан мақомоти марбутаи пойтахт гуфта буданд, ки то кунун на ҳама аҳолии шаҳр дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ надоранд.Гуфта мешавад, аҳолие, ки пурра бо оби ошомиданӣ дар пойтахт дастрасӣ надоранд, ба 20% мерасад.
https://sputnik.tj/20220730/aholi-tojikiston-ob-oshomidani-ghafforzoda-1050375193.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032703956_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_e6c41bc5cd1059b0cd370094cc7ac02b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳрдорӣ душанбе қатъ об
Шаҳрдории Душанбе овозаҳо дар бораи қатъи оби ошомиданиро рад кард
12:33 15.08.2022 (Навсозишуда: 17:09 16.08.2022) Мақомоти пойтахт ба таваҷҷуҳи сокинони Душанбе мерасонанд, ки дар ояндаи наздик қатъи интиқоли оби ошомиданӣ дар назар нест
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе иттилоъ дар бораи қатъи навбатии оби ошомиданӣ дар манзилҳои сокинонро рад кард.
Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ қайд кард, ки дар ояндаи наздик қатъи интиқоли об дар навоҳии шаҳрӣ дар назар нест.
Мақомоти шаҳрдорӣ таъкид кардаанд, ки шаҳрвандони пойтахт ба хабарҳои бардурӯғ ва беасос дар бораи қатъ шудани об бовар накунанд.
Гуфта мешавад, ки як рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи қатъи интиқоли об хабари бардурӯғ паҳн шуда буд. Ин боиси ташвишу изтироби сокинони пойтахт гардид.
"Шаҳрвандони мӯҳтарам, бори дигар аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба манобеъи боваринок дар бораи қатъ шудани обрасонӣ маълумоти мӯътамад дастрас намоед", — қайд карданд дар шаҳрдорӣ.
Онҳо мегӯянд, дар сурати такрори чунин хабарҳо ба шӯъбаҳои расмӣ, аз ҷумла: шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии “Душанбеводоканал” ва ҳамчунин расонаҳо такя кунанд.
Ёдовар мешвем, ки қаблан мақомоти марбутаи пойтахт гуфта буданд, ки то кунун на ҳама аҳолии шаҳр дастрасии пурра ба оби ошомиданӣ надоранд.
Гуфта мешавад, аҳолие, ки пурра бо оби ошомиданӣ дар пойтахт дастрасӣ надоранд, ба 20% мерасад.