https://sputnik.tj/20220815/hakimzoda-gustarishi-hamkori-uzbekiston-khatlon-1050731222.html
Ҳакимзода: Густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон барои Хатлон муҳим мебошад
Ҳакимзода: Густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон барои Хатлон муҳим мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон мегӯяд таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят мебошад
2022-08-15T17:35+0500
2022-08-15T17:35+0500
2022-08-16T16:58+0500
дар тоҷикистон
хатлон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
иқтисодӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040341679_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_2fafb0f1685f2733254c75b4fb8409d2.jpg
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар чаҳорчуби баргузории форуми тиҷоратии Хатлону Сурхандарё таъкид, кардааст, ки ҳамкориҳои вилот бо Сурхандарёи Ӯзбекистон сол то сол инкишоф меёбад.Вай инчунин илова кард, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилояти Хатлону Сурахандарё мебошад.Қурбон Ҳакимзода дар идома таъкид дошт, ки вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад.Вай итминон дорам, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба Хатлон дар таърихи муносибатҳои ду вилоят саҳифаи нав мекушояд.Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид.Дар Форум раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.Дар фарҷоми Форум 23 санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.
https://sputnik.tj/20220815/imzo-sozishnoma-hamkori-viloyati-khatlon-surkhondaryo-1050722847.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040341679_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_798ac2820235dae8b3e78acd894b8dff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, ӯзбекистон, сурхандарё, иқтисод, фаъолият, афзалият
тоҷикистон, хатлон, ӯзбекистон, сурхандарё, иқтисод, фаъолият, афзалият
Ҳакимзода: Густариши ҳамкорӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон барои Хатлон муҳим мебошад
17:35 15.08.2022 (Навсозишуда: 16:58 16.08.2022) Раиси вилояти Хатлон мегӯяд, таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилоят мебошад
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар чаҳорчуби баргузории форуми тиҷоратии Хатлону Сурхандарё таъкид, кардааст, ки ҳамкориҳои вилот бо Сурхандарёи Ӯзбекистон сол то сол инкишоф меёбад.
“Имрӯз “Харитаи роҳ” ба имзо мерасад, ки дар он иқдомоти муштараки минбаъдаи мо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак танзим мешавад”, - гуфт ӯ.
Вай инчунин илова кард, ки таҳким ва густариши робитаҳои корӣ бо минтақаҳои Ӯзбекистон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷии вилояти Хатлону Сурахандарё мебошад.
“Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба мо барои самаранок истифода бурдани иқтидори минтақаҳоямон мусоидат мекунанд, манфиатдорем”, - гуфт раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода дар идома таъкид дошт, ки вилояти Хатлон рушди ҳамкориҳои минтақавиро ҷузъи муҳими стратегияи рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, фароҳам овардани ҳавасмандӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа медонад.
Вай итминон дорам, ки сафари кории ҳайати вилояти Сурхондарё ба Хатлон дар таърихи муносибатҳои ду вилоят саҳифаи нав мекушояд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар Форум раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.
Дар фарҷоми Форум 23 санади ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.