Хоҳиши хондан нест? Дар Тоҷикистон теъдоди довталабони донишгоҳҳо коҳиш ёфт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСдача экзаменов
Сдача экзаменов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Имсол теъдоди довталабони донишгоҳҳои кишвар ҳамагӣ 82 ҳазор нафарро ташкил дод, дар ҳоле ки соли 2020 ин рақам ба беш аз 100 ҳазор нафар баробар буд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон динамикаи бақайдгирии довталабон дар се соли охир дар ҳоли камшавӣ қарор дорад.
Масъулони Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имсол ҳамагӣ 82 ҳазор довталаби донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати солҳои қаблӣ ба маротиб кам аст.
"Агар соли 2020 теъдоди довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бештар аз 100 000 нафар буд, имсол ин шумора то 82 ҳазор камтар шуд", - таъкид намудааст Сабзалӣ Ҷаъфарзода директори ММТ.
Ба таъкиди ӯ, яке аз сабабҳои камшавии довталабон дар Тоҷикистон ин боз шудани сарҳадҳо мебошад, "зеро донишҷӯён имкони ба хориҷ рафтану таҳсил карданро пайдо намуданд".
Хонандагони тоҷик, ки мактаби миёнаро дар соли 2022 бо аттестати аъло ва медали тилою нуқра хатм кардаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Чанд нафар дар Тоҷикистон мактабро бо медали тило хатм кард?
Ӯ гуфт, соли 2020, ки бар асари пандемия марзҳо баста буданд, теъдоди зиёди хатмкунандагону довталабон ба муассисаҳои таълимии кишвар дохил шуданд.
Ба назари Ҷаъфарзода барои дақиқ намудани коҳишёбии таваҷҷӯҳи довталабон ба донишгоҳҳои кишвар бояд як назарсанҷӣ сурат гирад, ки дар асоси он сабабҳои субъективӣ ва объективӣ ин ҳолат муайян мешавад.
Лентаи хабарҳо
0