Оғози АрМИ-2022 бо ширкати низомиёни тоҷик

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПарад военных посвященный дню милиции
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Мусобиқа дар яке аз муассисаҳои таълимии низомии Русия, ки фармондеҳони ҷузъу томҳо ва бахшҳои қувваҳои мусаллаҳи ФР-ро омода мекунад, баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13 август — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи ботантанаи озмуни “Аълочии иктишофии артиш” дар чорчӯби Бозиҳои байналмилалии артиш-2022 ширкат карданд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии АрМИ-2022.
Сабқат дар Мактаби олии фармондеҳии ҳарбии Новосибирск (НВВКУ) байни низомиён баргузор мешавад.
"Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони раҳбарияти қувваҳои мусаллаҳи Русия, нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои хориҷӣ, намояндагони маъмурияти вилоят, аъзои даста ширкат доштанд", - омадааст дар хабарнома.
Дар мусобиқа дастаҳои Русия, Арманистон, Белорус, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Зимбабве ширкат доранд.
Ба ғайр аз шаш дастаи асосй, донишҷӯёни бахши махсуси НВВКУ аз Точикистон, Буркина-Фасо, Мозамбик, Подшоҳии Эстватини, Мали ва Лаос низ машқҳо нишон медиҳанд. Онҳо берун аз озмун иштирок мекунанд.
Низомиёни тоҷик барои намоиши қудрат вориди Флоти Балтика шуданд
Марҳилаи байналмилалии озмуни "Аълочии разведкаи артиш" аз 13 то 27 август баргузор мешавад.
Дар рафти мусобиқа разведкачиёни ҳарбӣ бояд "пайроҳаи иктишоф", монеаҳои дар обро паси карда, маршҳо анҷом диҳанд, аз навъҳои гуногуни яроқи тирандозӣ тирпарронӣ кунанд ва маҳорати рондани мошинҳои ҳарбиро намоиш диҳанд.
Ҳама чорабиниҳо дар шароити наздик ба ҷанг гузаронида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0