Бар асари обхезиҳои мавсимӣ дар Покистон беш аз 180 нафар қурбон шуд

© AFP 2023 / ARIF KARTONOНаводнение в Малайзии, 2021
Наводнение в Малайзии, 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Аз миёни 186 қурбонии офатҳои табиӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон 56 нафар кӯдак буданд. Ҳамчунин 45 зан ва 85 мард низ ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Обхезиҳои мавсимӣ дар чанд ҳафтаи ахир бар асари боришоти шадид, як мавсими маъмулии боди муссонӣ дар вилояти Балуҷистони Покистон 186 нафарро қурбон кард, гузориш медиҳад Dunya News.
Манбаъ афзуда, дар чанд ҳафтаи ахир дар Балуҷистон бар асари борон ва обхезӣ 85 мард, 45 зан ва 56 кӯдак ба ҳалокат расида, ҳамчунин 75 тани дигар ҷароҳ9атҳои гуногуни бардоштанд.
Дар баробари талафоти ҷонӣ, бар асари обхезӣ беш аз 23 ҳазор сар чорво нобуд шуда, 18 087 манзил хароб ва 16 пули мошингузару пиёдагард тахриб шуд.
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2022
Ҳалокати 9 нафар бар асари обхезӣ дар Афғонистон
Ба иттилои хадамоти изтирории Покистон, шумори қурбониёни боришоти мавсимӣ ва обхезии моҳи июл ва қисмате аз моҳи август дар саросари кишвар аз 700 нафар гузашт.
Тавре қаблан расонаҳо бо истинод ба мақомоти миллии мубориза бо офатҳои табиӣ хабар доданд, бештари харобиҳо ва талафот дар вилоятҳои Балуҷистон, ҳаммарз бо Панҷоби Афғонистон ва вилояти Синд сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, авоили моҳи июли соли равон дар вилояти Нуристони Афғонистон бар асари обхезии шадид нуҳ нафар ба ҳалокат расид. Таъкид гардид, ки бар асари офати табиӣ садҳо гектар замини кишт нобуд карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0