https://sputnik.tj/20220813/nohiya-roshtqala-khonavoda-manzilho-nav-bunyod-1050689988.html
Дар ноҳияи Роштқалъа барои 17 хонавода манзили нав бунёд шуд
Дар ноҳияи Роштқалъа барои 17 хонавода манзили нав бунёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Манзилҳое, ки тоза дар ноҳияи мазкур бунёд гардиданд, ба хонаводаҳое тақдим шуданд, ки ба далели бунёд кардани нерӯгоҳи "Себзор" манзили онҳо тахриб шуд
2022-08-13T15:59+0500
2022-08-13T15:59+0500
2022-08-16T18:42+0500
дар тоҷикистон
вмкб
роштқалъа
иҷтимоъ
хона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:181:1920:1261_1920x0_80_0_0_1ba1d0661484ca231515ed97cbf9900f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Хонаводаҳое, ки манзилҳои онҳо дар ҳудуди сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буданд, ҳамакнун бо хонаҳои наву замонавӣ таъмин гардиданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".Бар хабари манбаъ, феълан дар ноҳияи мазкур корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ идома дорад ва қариб 90% корҳои заминӣ ба анҷом расидаанд.Манбаъ меафзояд, мутобиқи нақша муассисаи таълимии деҳа низ ба макони дигар кӯчонида мешавад ва рӯзҳои наздик хишти аввали он гузошта мешавад.Зикр гардид, ки дар канори муассисаи таълимӣ ҳамчунин сохтмони майдончаи муосири варзишӣ ва кӯдакистон бо харҷи ҳашт миллион сомонӣ дар назар аст.Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” сохта шуда, барои таъмини сокинони навоҳии кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ гардидааст.Пештар зикр шуда буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро ихтисос дода буд.
https://sputnik.tj/20220718/sherali-kabir-sarmoyaguzoron-vmkb-1050079994.html
вмкб
роштқалъа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/07/1044001341_0:1:1920:1441_1920x0_80_0_0_8876fe2aa095dddf30f0d52b0c2ad0b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роштқалъа хона нав бунёд вмкб
роштқалъа хона нав бунёд вмкб
Дар ноҳияи Роштқалъа барои 17 хонавода манзили нав бунёд шуд
15:59 13.08.2022 (Навсозишуда: 18:42 16.08.2022) Манзилҳое, ки тоза дар ноҳияи мазкур бунёд гардиданд, ба хонаводаҳое тақдим шуданд, ки ба далели бунёд кардани нерӯгоҳи "Себзор" манзили онҳо тахриб шуд
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Хонаводаҳое, ки манзилҳои онҳо дар ҳудуди сохтмони нерӯгоҳи "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буданд, ҳамакнун бо хонаҳои наву замонавӣ таъмин гардиданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Бар хабари манбаъ, феълан дар ноҳияи мазкур корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ идома дорад ва қариб 90% корҳои заминӣ ба анҷом расидаанд.
Манбаъ меафзояд, мутобиқи нақша муассисаи таълимии деҳа низ ба макони дигар кӯчонида мешавад ва рӯзҳои наздик хишти аввали он гузошта мешавад.
Зикр гардид, ки дар канори муассисаи таълимӣ ҳамчунин сохтмони майдончаи муосири варзишӣ ва кӯдакистон бо харҷи ҳашт миллион сомонӣ дар назар аст.
Нерӯгоҳи “Себзор” дар фарози рӯдхонаи “Шохдара” сохта шуда, барои таъмини сокинони навоҳии кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ гардидааст.
Пештар зикр шуда буд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон беш аз 41 миллион евро ихтисос дода буд.