Иштироки мақомдори баландпояи Тоҷикистон дар ҳамоиши иқтисодии СҲШ дар Тошканд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиЁрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода дар Ашт
Ёрдамчии Президенти  Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода дар Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Обуна шудан
Муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамоиши дуюми иқтисодии кишварҳои узви СҲШ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ашӯрбой Солеҳзода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Форуми дуюми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки 16-17 августи соли 2022 дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
“Иштирокдорони форум иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сабз, ҳамкорӣ байни минтақаҳо дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои марбутаро баррасӣ хоҳанд кард”, — иттилоъ доданд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ъхабар додааст, ки дар доираи форум ҳамчунин баргузории ҷаласаи пленарӣ, ҷаласаҳои панелӣ, мулоқоти дуҷониба ва гуфтушунидҳои корӣ дар назар аст.
Ҳайатҳои кишварҳои СҲШ дурнамои ҳамкории сармоягузорӣ ва ҳамкории саноатиро баррасӣ хоҳанд кард.
Подготовка к проведению ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Дар Тошканд ҳамоиши занон аз кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад
Ёдовар мешавем, ки нахустин Форуми иқтисодии СҲШ 23-24 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия” баргузор гардида буд.
СҲШ созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон аъзои доимии СҲШ мебошанд.
Кишварҳои нозир: Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (ба таври расмӣ барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардааст) мебошанд.
Кишварҳои шарик: Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланкаанд. Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарикӣ оид ба муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.
Лентаи хабарҳо
0