https://sputnik.tj/20220813/hushdor-khf-khavf-sel-piryakh-mintaqa-kuh-1050690171.html
Ҳушдори КҲФ: Хавфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад
Ҳушдори КҲФ: Хавфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
КҲФ давоми чанд ҳафта мешавад, ки аз хаҷфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии ҷумҳурӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ ҳушдор медиҳад 13.08.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-08-13T16:29+0500
2022-08-13T16:29+0500
2022-08-16T18:41+0500
дар тоҷикистон
кҳф
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_4a27710c0bddccc5d30ec4904c06a536.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 август хавфи омадани сели пиряхӣ мавҷуд аст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ.Рӯзҳои 13-14 августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои шарқи ВМКБ), хавфи сели пиряхӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар хабари КҲФ.Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.Ин ниҳод мегӯяд, барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуш, сокинон бояд роҳу заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза намоянд. Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шудаааст, ки дар ин рӯзҳо ба қадри имкон аз ҷамъварии ҳезуму гиёҳ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз омадани сел дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш хабар дода буд, ки он ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расида, 300 метр роҳ тахриб гардид.
https://sputnik.tj/20220812/sel-rohi-moshingardi-rushonro-bast-1050669179.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_79a4ec033f4f224e53d64ff06c9a109e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф сел пиряхӣ
Ҳушдори КҲФ: Хавфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад
16:29 13.08.2022 (Навсозишуда: 18:41 16.08.2022) КҲФ давоми чанд ҳафта мешавад, ки аз хаҷфи омадани сели пиряхӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии ҷумҳурӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 август хавфи омадани сели пиряхӣ мавҷуд аст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ.
Рӯзҳои 13-14 августи соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ (ба истиснои шарқи ВМКБ), хавфи сели пиряхӣ боқӣ мемонад", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Ин ниҳод мегӯяд, барои пешгирӣ аз оқибатҳои нохуш, сокинон бояд роҳу заҳбурҳоро аз хасу хошок тоза намоянд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода шудаааст, ки дар ин рӯзҳо ба қадри имкон аз ҷамъварии ҳезуму гиёҳ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои хавфнок худдорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод қаблан аз омадани сел дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш хабар дода буд, ки он ба замини наздиҳавлигии сокинони деҳа зарар расида, 300 метр роҳ тахриб гардид.