https://sputnik.tj/20220812/tojikiston-afzoish-gardish-mol-kolo-1050669716.html
Дар Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло гузориш доданд
Дар Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло гузориш доданд
Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши воридот дар Тоҷикистон аз аввали сол 24,2 дарсадро ташкил дод, вале дар содироти коло ҳамоно андаке коҳиш ба назар мерасад
2022-08-12T13:29+0500
2022-08-12T13:29+0500
2022-08-12T19:17+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
содирот
воридот
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525319_3:539:2573:1984_1920x0_80_0_0_ea5bd588757058e17de29bc235fdf876.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Аз оғози соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 миллиард долларро ташкил додааст, хабар медиҳад "Авеста". Афзоиши воридот дар ҷумҳурӣ 24,2 фоизро ва ё ба 447,2 миллион доллар баробар будааст. Маблағи умумии он ба 2,3 миллиард доллар баробар шудааст.Содироти мол бошад, 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 0,1% ё 1,6 миллион доллар кам шудааст. Шарикони асосии тиҷорати содиротии Тоҷикистон Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбекистон мебошанд. Ҳамин тариқ, гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар нимсолаи аввал 669,8 миллион доллар ва ҳаҷми воридот ҳудуди 447,4 миллион долларро ташкил додааст. Тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон бошад, 20,2 дарсади ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад. Танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 245,1 миллион доллар маҳсулот содир шудааст. Аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 397,1 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, маълумоти дигар дар бораи тиҷорат бо кишварҳои шарик ҳанӯз пешниҳод нашудааст.
https://sputnik.tj/20220805/dod-girift-tijorat-sughd-khorij-1050531106.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032525319_21:327:2316:2048_1920x0_80_0_0_ca8b05eb0e936c70a448252a4b91c9e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон афзоиш гардиш мол коло
тоҷикистон афзоиш гардиш мол коло
Дар Тоҷикистон аз афзоиши гардиши молу коло гузориш доданд
13:29 12.08.2022 (Навсозишуда: 19:17 12.08.2022) Афзоиши воридот дар Тоҷикистон аз аввали сол 24,2 дарсадро ташкил дод, вале содироти коло аз кишвар ба хориҷ ҳамоно манфӣ арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Аз оғози соли 2022 гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 миллиард долларро ташкил додааст, хабар медиҳад "Авеста".
Афзоиши воридот дар ҷумҳурӣ 24,2 фоизро ва ё ба 447,2 миллион доллар баробар будааст. Маблағи умумии он ба 2,3 миллиард доллар баробар шудааст.
Содироти мол бошад, 1,2 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 0,1% ё 1,6 миллион доллар кам шудааст.
Шарикони асосии тиҷорати содиротии Тоҷикистон Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбекистон мебошанд.
Ҳамин тариқ, гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин дар нимсолаи аввал 669,8 миллион доллар ва ҳаҷми воридот ҳудуди 447,4 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи омор, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон бошад, 20,2 дарсади ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳад.
Танҳо дар 6 моҳи соли 2022 ба Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 245,1 миллион доллар маҳсулот содир шудааст.
Аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 397,1 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти дигар дар бораи тиҷорат бо кишварҳои шарик ҳанӯз пешниҳод нашудааст.