Тоҷик гаронтарин легионер дар бошгоҳи русӣ шуд

© пресс-служба ФК "Краснодар"Футболист Алиджони Айни
Футболист Алиджони Айни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Дастаи Лигаи якуми Русия, ки дар зинаи ҳаштум қарор дорад, хатти миёнаи дифоашро бо нимҳимоятгари умедбахши Тоҷикистон мустаҳкам кард
ДУШАНБЕ, 12 август — Sputnik. Нимҳимоятгари тоҷик Алиҷони Айнӣ бо имзои шартномаи панҷсола то соли 2027 ба бозигари тими "Краснодар-2" табдил ёфт.
Ин нахустин ҳузури бозигари умедбахши 18-сола дар бошгоҳи Русия нест. Дар оғози соли ҷорӣ варзишгар аз шаҳри Турсунзода ба "Регар-ТадАЗ" кӯчида, нимаи аввали мавсимро дар он ҷо гузаронидааст.
Дар ин равзанаи интиқоли тобистона Айнӣ тасмим гирифт, ки ба Краснодар баргардад. Бозигар дар тими наваш рақами 63-ро гирифтааст.
Дар ҳайати нав ин бозигари тоҷик дар қатори 8 футболбози гаронарзиш ҷойгир шудааст. Нархи бозории он 150 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.
Комрон Турсунов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Турсунов Ҳиндро тарк карданӣ нест: футболбози шинохтаи тоҷик боз тими нав ёфт
Дар баробари ин, дар айни замон ӯ дар байни легионерҳои клуб арзишмандтарин маҳсуб мешавад.
Алиҷони Айнӣ 6 августи соли 2004 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар бозӣ карда, 25 марти соли 2021 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон аввалин бозиро анҷом дода. Дар он вақт ӯ ҳамагӣ 16-сола буд.
Дар ин бозӣ Искандар Ҷалилов аз варзишкорони шинохтаи кишвар шадидан лат бардошт ва дар мавқеи ӯ Алиҷони Айнӣ вориди майдон гашт ва фурсати хубе барои намоиш додани маҳораташ гардид.
Пас аз ин, истеъдоди ҷавон мунтазам ба тими миллӣ ҷалб карда мешавад ва вақти бозӣ мегирад. То имрӯз, ӯ тавонист 6 бозӣ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи нави ӯ "Краснодар-2" дар дувумин қаҳрамонии қавии Русия бозӣ мекунад. Баъди 4 давр ин тим бо 7 хол дар ҷои 8-уми ҷадвал мебошад.
Лентаи хабарҳо
0