https://sputnik.tj/20220812/imkonoti-sodirot-sarmoyaguzori-tojikiston-uzbekiston-1050671073.html
Баррасии имконоти содироту сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Данғара
Баррасии имконоти содироту сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Данғара
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайти вилояти Сурхандарё барои иштирок дар Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба ноҳияи Данғара омаданд
2022-08-12T14:00+0500
2022-08-12T14:00+0500
2022-08-12T19:18+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
ҳамкорӣ
хатлон
данғара
форум
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050670861_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_03ee3f163600256f0d1c23a668402348.jpg
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Данғара 13 августи соли равон Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карда мешаванд. Иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омад.Мақомоти Хатлон иттилоъ додааст, ки мақсади ташрифи ҳайати мазкур таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба шумор меравад.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.Бояд қайд кард, ки соли гузашта ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарё сафар карда буд ва бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар Сурхондарё шинос шуд.Дар вилояти Сурхондарё форуми соҳибкорон баргузор гардид. Дар форуми соҳибкорон ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои ду вилоят, роҳбарони корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуда буданд.
https://sputnik.tj/20220811/uzbekiston-tojikiston-khatsayr-avtobus-1050655754.html
ӯзбекистон
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0c/1050670861_140:0:1953:1360_1920x0_80_0_0_d9b5a89a60ce3793ab8deba09dc16449.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, содирот, сармоягузорӣ, данғара, форум, сурхандарё, ҳамкорӣ
тоҷикистон, ӯзбекистон, содирот, сармоягузорӣ, данғара, форум, сурхандарё, ҳамкорӣ
Баррасии имконоти содироту сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Данғара
14:00 12.08.2022 (Навсозишуда: 19:18 12.08.2022) Ҳайати вилояти Сурхандарё барои иштирок дар Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба ноҳияи Данғара омад
ДУШАНБЕ, 12 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Данғара 13 августи соли равон Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё баргузор мегардад, ки дар он имконоти сармоягузорӣ ва иқтидори содиротии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ карда мешаванд. Иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Раиси ин вилоят Тӯра Боболов ба вилояти Хатлони Тоҷикистон омад.
Мақомоти Хатлон иттилоъ додааст, ки мақсади ташрифи ҳайати мазкур таҳкими ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ миёни вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё ба шумор меравад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки ҳайат давоми ду рӯз аз корхонаҳои саноатии вилоят, гармхонаҳои замонавӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо ва заминҳои кишоварзӣ дидан менамояд.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарё сафар карда буд ва бо натиҷаҳои рушди саноати муосир, дастгирии тиҷорати хусусӣ ва истеҳсолоти кишоварзӣ дар Сурхондарё шинос шуд.
Дар вилояти Сурхондарё форуми соҳибкорон баргузор гардид. Дар форуми соҳибкорон ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои ду вилоят, роҳбарони корхонаҳо ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ иштирок намуда буданд.