Беназоратии волидайн боиси марги кӯдаки 4-сола дар кӯли Варзоб шуд

© PixabayРебенок в воде на закате, архивное фото
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Обуна шудан
Наҷотдиҳандагон бо нигаронӣ аз ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сокинони кишвар ба таври қатъӣ дархост мекунанд, ки эҳтиёткор ва махсусан мувозиби ноболиғон бошанд
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Давоми шабонарӯзи ахир дар обҳои Тоҷикистон ду тан ғарқ шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуотии КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи якум дар обанбори сунъии канори рӯдхонаи ноҳияи Варзоб рух дода, кӯдаки 4-сола ғарқ шудааст.
Ин ҳодиса ба гуфти КҲФ дар пайи беназоратии волидайн сар задааст.
Гуфта мешавад, бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагон ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуда, ҷасади кӯдак дарёфт ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Ҳамзамон дар ин рӯз як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Овчии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғарқ шудааст.
Сардори КҲФ Суғд гуфт, сокинони кадом минтақа бештар ғарқ шудаанд
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Сардори КҲФ Суғд гуфт, сокинони кадом минтақа бештар ғарқ шудаанд
Сабаби ғарқшавии ҷавон оббозӣ кардан дар минтақаи мамнӯъи дарёи Сир унвон шудааст.
Ғаввосони КҲФ ҷасади марҳумро пас аз тақрибан як соати ҷустуҷӯ пайдо ва берун кашидаанд.
Дар робита ба ин КҲФ бори дигар аз волидон дархост кардааст, ки қатъиян фарзандоро назорат кунанд.
Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакони хурдсол бозӣ кардан дар обро дӯст медоранд, аммо онҳо ҳатто дар чуқурии 10 см об ғарқ мешаванд, зеро нисбат ба вазни баданашон сарашон вазнин аст.
Лентаи хабарҳо
0