https://sputnik.tj/20220811/qazoqiston-furush-siloh-britoniyo-intiqol-ukraina-rad-1050640642.html
Қазоқистон овозаҳо дар бораи фурӯши силоҳ ба Бритониё барои интиқол ба Украинаро рад кард
Қазоқистон овозаҳо дар бораи фурӯши силоҳ ба Бритониё барои интиқол ба Украинаро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, барои хариди силоҳ аз ҷониби Бритониё ягон дархост нагирифтаанд ва аслиҳаи ин кишвар ба кишвари сеюм интиқол намешавад
2022-08-11T10:38+0500
2022-08-11T10:38+0500
2022-08-11T10:38+0500
қазоқистон
украина
бритониёи кабир
аслиҳа
тиҷорат
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/53/1028645347_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_9e0394474b4a39e1cfcb5ea9666735cb.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Овозаҳо дар бораи харидории таҷҳизоти низомӣ аз ҷониби Бритониё аз Қазоқистон барои интиқол ба Украина асос надорад.Дар ин бора сомонаи stopfake.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди Қазоқистон хабар додааст. Ба навиштаи пойгоҳ, қаблан хабарҳое дар интернет паҳн шуд, ки гуфта мешуд, Бритониё аз Қазоқистон силоҳ мехарад, то онро ба қаламрави Украина расонад. Гуфта мешавад, ин муомилот бо миёнҷигарии ширкати "Техноэкспорт" сурат гирифта, қарордод ба маблағи 46 миллион доллар рӯзи 16 июл баста шудааст. "Соли 2021 ва дар давраи ба охир расидани соли 2022 ширкати "Техноэкспорт" барои гирифтани иҷозатнома барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба вазорат муроҷиат накардааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат. Ҳамчунин тавзеҳ дода мешавад, ки дар ин муддат вазорат барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба Бритониё иҷозатнома надодааст. Содироти аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷумҳурӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯҳдадории кафолати кишвари воридкунанда анҷом дода мешавад, ки он бидуни иҷозати мақоми ваколатдори Қазоқистон дар соҳаи назорати содирот онҳоро дубора содир намекунад. Иҷозат барои содироти дубораи аслиҳа ва лавозимоти ҷангии дар боло зикршуда аз ҷониби вазорат дода нашудааст, афзудаст ин ниҳод.
https://sputnik.tj/20220711/aks-siloh-garb-nizimiyon-ukrain-lisichansk-1049919268.html
қазоқистон
украина
бритониёи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102864/53/1028645347_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_40e821e2a21927aec3a3dfb701ea33f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон фурӯш силоҳ бритониё интиқол украинаро рад
қазоқистон фурӯш силоҳ бритониё интиқол украинаро рад
Қазоқистон овозаҳо дар бораи фурӯши силоҳ ба Бритониё барои интиқол ба Украинаро рад кард
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, барои хариди силоҳ аз ҷониби Бритониё ягон дархост нагирифтаанд ва аслиҳаи ин кишвар ба кишвари сеюм интиқол намешавад
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Овозаҳо дар бораи харидории таҷҳизоти низомӣ аз ҷониби Бритониё аз Қазоқистон барои интиқол ба Украина асос надорад.
Дар ин бора сомонаи stopfake.kz бо истинод ба Вазорати саноат ва рушди Қазоқистон хабар додааст.
Ба навиштаи пойгоҳ, қаблан хабарҳое дар интернет паҳн шуд, ки гуфта мешуд, Бритониё аз Қазоқистон силоҳ мехарад, то онро ба қаламрави Украина расонад.
Гуфта мешавад, ин муомилот бо миёнҷигарии ширкати "Техноэкспорт" сурат гирифта, қарордод ба маблағи 46 миллион доллар рӯзи 16 июл баста шудааст.
"Соли 2021 ва дар давраи ба охир расидани соли 2022 ширкати "Техноэкспорт" барои гирифтани иҷозатнома барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба вазорат муроҷиат накардааст", - омадааст дар иттилоияи Вазорати саноат.
Ҳамчунин тавзеҳ дода мешавад, ки дар ин муддат вазорат барои содироти аслиҳа, муҳимот ва таҷҳизоти низомӣ ба Бритониё иҷозатнома надодааст.
Содироти аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз ҷумҳурӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯҳдадории кафолати кишвари воридкунанда анҷом дода мешавад, ки он бидуни иҷозати мақоми ваколатдори Қазоқистон дар соҳаи назорати содирот онҳоро дубора содир намекунад.
Иҷозат барои содироти дубораи аслиҳа ва лавозимоти ҷангии дар боло зикршуда аз ҷониби вазорат дода нашудааст, афзудаст ин ниҳод.