Нархи шир дар кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон чӣ қадар аст

© pixabayМолоко в стакане
Молоко в стакане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Обуна шудан
Маълум шуд, ки дар кишварҳои ховари наздик арзонтарин шир бо равғани 3,2% дар Беларус ва гаронтаринаш дар Гурҷистон фурӯхта мешавад
ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Маълум шуд, ки як литр шир дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон чӣ қадар арзиш дорад, хабар медиҳад МИР 24.
Созмондиҳандагони рейтинг барои муқоиса кардани нарх шири яклитра бо равғаннокии 3,2% -ро гирифтаанд.
Маълум шуд, ки дар дӯконҳои Гурҷистон гаронарзиштарин шир - 111 рубл ва дар Беларус аз ҳама шири арзон -43 рубл фурӯхта мешавад. Ин назар ба арзиши максималӣ қариб 2 баробар кам аст.
Дар Тоҷикистон бошад арзиши шир бо асъори русӣ 71 рублро ташкил медиҳад.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2022
Содироти пиёз манъ шуд: ҳадаф пешгирӣ аз болоравии нарх дар бозорҳои дохилӣ аст
Қариб ҳамин тавр дар Қазоқистон - 76 рубл. Дар Арманистон ва Қирғизистон ҳам шир ба нархи 55-54 рубл фурӯхта мешавад.
Аммо дар Озарбойҷон ва Русия тақрибан 82-85 рубл арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон нархи пиёзро пешгӯӣ намуда, изҳор доштанд, ки кай сокинони кишвар коҳиши қимати пиёзро интизор шаванд. Ҳоло нархи як кг пиёз 8 сомонӣ арзиш дорад
Пешгӯӣ карда шуд. ки нархи ин навъ маҳсулот бояд наздиктар ба фасли зимистон тағйир ёбад.
Лентаи хабарҳо
0