https://sputnik.tj/20220809/uzbekiston-khizmatchiyon-davlati-kharid-amvol-khorij-man-1050590152.html
Ходимони давлатии Ӯзбекистон аз хариди амволу ифтитоҳи суратҳисоб дар хориҷ маҳрум шуданд
Ходимони давлатии Ӯзбекистон аз хариди амволу ифтитоҳи суратҳисоб дар хориҷ маҳрум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамакнун аз ҳар як мансабдори давлатӣ дар ин кишвар муваззаф хоҳад шуд, ки эъломияи даромад ва молу мулкашро пешниҳод кунад
2022-08-09T13:03+0500
2022-08-09T13:03+0500
2022-08-09T13:55+0500
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
қонун
мансабдор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/54/1022575496_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_ce7c7c14dc4f856654486a61da46708a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон назорат ба хизматчиёни давлатӣ аз ин ба баъд шадидтар мешавад.Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар қонунеро имзо кардааст, ки он хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ, идоракунии давлатӣ дар ин соҳа, инчунин вазъи ҳуқуқии хизматчиёни давлатиро муайян мекунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik тарҳи қонун тайи ду сол таҳия шуда, он пас аз се моҳ эътибор пайдо мекунад.Дар ин қонун гуфта мешавад, ки хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад аз иҷрои фармон ва талаботи ғайриқонунии роҳбари худ даст кашад, ҳангоми хабар додан дар бораи коррупсия таҳти ҳифзи давлат қарор гирад. Аммо дар навбати худ ба хизматчии давлатӣ машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, муассиси корхона будан, берун аз ҳудуди Ӯзбекистон суратҳисоб кушодан ва дар хориҷи кишвар амволи ғайриманқул ба даст овардан манъ мешавад. Дар баробари ин ҳар як хизматчии давлатӣ бояд эъломияи даромад ва молу мулкашонро пешниҳод намояд. Маврид ба зикр аст, ки дар Ӯзбекистон афродеро ба хизмати давлатӣ қабул мекунанд, ки забони давлатиро медонанд ва ба талаботи тахассусии дахлдор ҷавобгӯ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220625/dar-uzbekiston-hukmi-qatl-man-meshavad-1049500409.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102257/54/1022575496_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_9937bcd0a8b10d387671a68e7ff6329c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назорат мансабдорон ӯзбекистон мансабдор қонун
назорат мансабдорон ӯзбекистон мансабдор қонун
Ходимони давлатии Ӯзбекистон аз хариди амволу ифтитоҳи суратҳисоб дар хориҷ маҳрум шуданд
13:03 09.08.2022 (Навсозишуда: 13:55 09.08.2022) Ҳамакнун ҳар як аз ходимони давлатӣ дар ин кишвар муваззаф хоҳанд шуд, ки эъломияи даромад ва молу мулкашро пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон назорат ба хизматчиёни давлатӣ аз ин ба баъд шадидтар мешавад.
Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар қонунеро имзо кардааст, ки он хизмати давлатиро дар мақомоти давлатӣ, идоракунии давлатӣ дар ин соҳа, инчунин вазъи ҳуқуқии хизматчиёни давлатиро муайян мекунад, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
Ба гуфтаи хабарнигори Sputnik тарҳи қонун тайи ду сол таҳия шуда, он пас аз се моҳ эътибор пайдо мекунад.
Дар ин қонун гуфта мешавад, ки хизматчии давлатӣ ҳуқуқ дорад аз иҷрои фармон ва талаботи ғайриқонунии роҳбари худ даст кашад, ҳангоми хабар додан дар бораи коррупсия таҳти ҳифзи давлат қарор гирад.
Аммо дар навбати худ ба хизматчии давлатӣ машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, муассиси корхона будан, берун аз ҳудуди Ӯзбекистон суратҳисоб кушодан ва дар хориҷи кишвар амволи ғайриманқул ба даст овардан манъ мешавад.
Дар баробари ин ҳар як хизматчии давлатӣ бояд эъломияи даромад ва молу мулкашонро пешниҳод намояд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Ӯзбекистон афродеро ба хизмати давлатӣ қабул мекунанд, ки забони давлатиро медонанд ва ба талаботи тахассусии дахлдор ҷавобгӯ мебошанд.