Пушилин гуфт, барои барқарории Донетск аз Кореяи Шимолӣ бинокоронро даъват мекунанд

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина
Пресс-конференция главы ДНР Д. Пушилина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Аввалин бинокорони Кореяи Шимолӣ дар ояндаи наздик барои барқарор кардани шаҳрҳо ва деҳаҳои харобшуда ба Ҷумҳурии Мардумии Донетск меоянд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. ҶМД метавонад барои барқарор кардани манотиқи харобшудааш аз Кореяи Шимолӣ коргар даъват кунад.
Музокирот дар бораи ворид кардани бинокорон аз КШ ба ҶМД аллакай идома дорад, гуфт раиси ин ҷумҳурӣ Денис Пушилин.
Ӯ гуфт, ки раванди барқароршавӣ оғоз гардида он ҳамарӯзи бештар мешавад ва ба кор ҷалб кардани куриёиҳог ба манофеи ҳарду ҷониб хоҳад буд, таъкид кард мавсуф.
Глава ДНР Денис Пушилин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.07.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пушилин дар бораи вазъияти душвори ҶМД гуфт
Пушилин таъкид кард, ки қабл аз ҷорӣ шудани таҳримҳо Кореяи Шимолӣ кормандони худро ба сохтмонҳои кишварҳои дигар мефиристод, онҳо соҳибихтисос, боинтизом буда, натиҷаҳои хеле хуб нишон медиҳанд.
"Гурӯҳи аввал, устоҳое, ки ҳаҷми корро назар мекунанд, бояд дар ояндаи наздик биёянд. Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора кор мекунад. Ҳоло санаи дақиқро гуфта наметавонам, аммо дар ояндаи наздик бояд сурат бигирад ва корҳо соли ҷорӣ оғоз шаванд", - гуфт роҳбари ДХР.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ муовини сарвазири Русия Марат Ҳуснуллин аз нақшаи даъвати муҳоҷирони куриёӣ гуфта, маҳсулнокии баланди меҳнати онҳоро ситоиш карда буд.
"Бозори Курёи Шимолӣ хеле ҷолиб аст, онҳо коргарони хуб ҳастанд. Як деворгари курёӣ назар ба як коргари русӣ дуву ним баробар бештар кор мекунад. Як курёӣ ду-дую ним деворгари русиягиро иваз мекунад", - қайд кард Ҳуснуллин.
Лентаи хабарҳо
0