Муҳосираи Тайван: Чин размоиши нав эълон кард

© Sputnik / Aleksandr Kondratuk / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие КНР участвуют в совместном военном антитеррористическом учении вооруженных сил государств – членов ШОС "Мирная миссия – 2018" на полигоне в Чебаркуле.
Военнослужащие КНР участвуют в совместном военном антитеррористическом учении вооруженных сил государств – членов ШОС Мирная миссия – 2018 на полигоне в Чебаркуле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Коршиносон мегӯянд, шояд дар пасманзари сафари сиёсатмадори ИМА ба Тайван мақомоти Чин машқҳои густардаро дар ин минтақа мунтазам анҷом диҳанд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи озодихоҳии Чин аз машқҳои густардаи нав дар атрофи ҷазираи Тайван эълон кард, хабар медиҳад рӯзномаи "South China Morning Post".
Гуфта мешавад, ки ин тамринот барои иҳота ва муҳосира кардани ҷазира анҷом дода мешаванд.

"Рамоиши дарпешистода бояд омодагӣ ба амалиёти "мудофиаи якҷоя" ва "муҳосираи якҷоя"-и ҷазираи худмухторро ба анҷом расонад", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин, рӯзи анҷоми машқҳо муайян карда нашудааст.
Коршиносон ҳадс мезананд, ки мақомоти Чин метавонанд машқҳои густардаро дар минтақаи Тайван мунтазам анҷом диҳанд.
Як рӯз пеш Қувваҳои Мусаллаҳи Тайван як тамрини низомӣ бо тирандозии мустақими тӯпхонаҳои вазнинро эълон карданд.
Бино ба хабари Оҷонсии марказии иттилоотии ҷазира (CNA), машқҳо рӯзҳои 9 ва 11 август дар наздикии бандари баҳрии Фэнган дар музофоти Пиндун баргузор мешаванд.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Дар Тоҷикистон иқдомоти Вашингтонро маҳкум карданд. Чӣ боиси хашм шуд?
Дар доираи машқҳо, аз ҷумла, тирпарронӣ аз тупхонаҳои 155 мм -рӣ ва миномётҳои 120 мм-рӣ анҷом дода мешавад.
Илова бар ин, 5 сентябр дар ноҳияи Пиндун тамрини солона баргузор мешавад, ки дар ҷараёни он чархболҳои AH-64E Apache истифода хоҳанд шуд.
Равобити Чину Тайван дар пасманзари сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнсӣ Пелосӣ ба ин ҷазира, рӯзи 2 август тезутунд шуд.
Чин қудрати низомиашро ба ҷаҳон нишон дод: видеои партоби мушакҳо
Пекин сафари сиёсатмадори ИМА-ро вайрон кардани якпорчагии Чин ва таҷовуз ба соҳибихтиёрии давлатии кишвар мешуморад.
Лентаи хабарҳо
0