Даъвати сарвазири Эстония: Дарҳои Иттиҳоди Аврупоро ба рӯи русиягиҳо бандед

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийГосударственный флаг Эстонии
Государственный флаг Эстонии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
Сарвазири Эстония боздид аз Иттиҳоди Аврупоро имтиёз хонд, на ҳуқуқи инсон ва пешниҳод кард, сиёсати додани раводид тағйир дода шавад
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бояд вуруд ба русиягиҳоро манъ кунанд, гуфт сарвазири Эстония Кая Каллас.
"Аз додани раводиди сайёҳӣ ба русиягиҳо даст кашед. Боздид аз Аврупо як имтиёз аст, на ҳуқуқи инсон", - навиштааст ӯ дар Twitter.
Сиёсатмадор тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди баста шудани иртиботи ҳавоӣ бо Русия, кишварҳои минтақа раводиди Шенген медиҳанд, ки ба ақидаи ӯ, ба давлатҳои ҳамсояи Русия зарар мерасонад.
"Ҳоло вақти он расидааст, ки туризм аз Русияро қатъ кунем", - навиштааст сарвазири Эстония.
Қаблан Урмас Рейнсалу, вазири умури хориҷии Эстония пешниҳод карда буд, ки ба бастаи навбатии таҳримҳо алайҳи Русия манъи додани раводиди вуруд ба Иттиҳодияи Аврупо барои русиягиҳо ворид карда шавад.
Председатель Единой России, заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Медведев суханони Зеленскийро бо идеяҳои Гитлер муқоиса кард
Вазир қайд кард, ки Эстония додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандони Русияро қатъ кардааст, аммо онҳо бо раводидҳои дар дигар кишварҳои минтақаи Шенген гирифташуда вориди кишвар мешаванд.
Бинобар ин, махдудиятхои умумиевропоӣ лозим аст.
Матвиенко: Ғарб таҳримҳои зиддирусиашро ҳеҷ гоҳ лағв нахоҳад кард
Вазорати умури хориҷии Русия дар посух ба ин суол, ки оё кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо метавонанд додани раводид ба шаҳрвандони оддии Русияро маҳдуд кунанд, изҳор дошт, ки Маскав бояд ба ҳамагуна рӯйдодҳо ба далели раводид алайҳи русҳо омода бошад, аммо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо бояд дарк кунанд, ки ҳама гуна амали душманонаи онҳо дар ин масъала бидуни вокуниши мутаносиби Маскав нахоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0