https://sputnik.tj/20220809/darguzasht-tarroh-issey-1050593804.html
Даргузашти тарроҳи машҳури ҷопонӣ Иссэй Миякэ
Даргузашти тарроҳи машҳури ҷопонӣ Иссэй Миякэ
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ҷопон дар синни 85-солагӣ ҳунарманд ва тарроҳи маъруфи ҷаҳон Иссэй Мияке, ки бренди маъруфи Issey Miyake-ро офаридааст, даргузашт
2022-08-09T15:03+0500
2022-08-09T15:03+0500
2022-08-09T19:22+0500
даргузашт
иҷтимоъ
тарроҳ
санъати ҷопонӣ
фарҳанг
мӯд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050591699_0:0:3119:1754_1920x0_80_0_0_198ee06c4f718ec2d12414d1f1a9780f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тарроҳи ҷопонӣ Иссэй Миякэ даргузашт, хабар медиҳад хабаргузории "Kyodo". Ҳунарманди маъруф, асосгузори хонаи муди Issey Miyake 84-сол дошт. Сабаби маргаш бемории саратон буд. Вай намояндаи мӯди консептуалӣ ва пайрави тарҳи ҳозиразамон ва ҳамзамон функсионалӣ бо истифода аз технологияҳои нав буд. Илова бар ин, тамоми ҷаҳон Миякэро ба шарофати коллексияи атриёт мешиносад.Соли 2004 ӯ дар Токио хазинаи худ бо номи The Miyake Issey Foundation-ро таъсис дод, ки намоишгоҳҳои гуногун ташкил мекунад, адабиёт нашр менамояд ва корҳои тадқиқотӣ дар самти тарроҳӣ анҷом медиҳад.Аз соли 2007 Иссэй ба нафақа баромад, вале пас аз он ҳама коллексияҳои нав бо номи ӯ таҳия мешуданд.Сарфи назар аз синну сол, ҳунарманд шахсан истеҳсолоти навро пайгирӣ мекард.Иссэй Миякэ кист?Миякэ 22 апрели соли 1938 дар Ҳиросимаи Ҷопон ба дунё омадааст ва дар синни 7-солагӣ ҳатто шоҳиди бомбгузории ҳастаии Амрико дар Ҳиросима будааст. Соли 1964 тарроҳи мӯд дар Донишгоҳи санъати Тамаи Токио таҳсил карда, дар Порис ва Ню Йорк фаъолият кардааст. Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила БасоваЗимни бозгашт ба Токио, солҳои 1970-ум, ӯ студияи тарроҳии Miyake-ро таъсис дод ва дар он ҷо ба тарҳрезии либосҳои занона шурӯъ кард. Аз солҳои 1980-ум, Миякэ ба муаррифии коллексияҳо дар Порис пардохт.Вижагии ӯ дар он буд, ки ӯ либосҳои амалиро барои ҳаёти воқеӣ меофарид.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/09/1050591699_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_7b39e56f63ca7c307127ae223c1cd6aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иссей миякэ, даргузашт,
Даргузашти тарроҳи машҳури ҷопонӣ Иссэй Миякэ
15:03 09.08.2022 (Навсозишуда: 19:22 09.08.2022) Дар Ҷопон дар синни 85-солагӣ ҳунарманд ва тарроҳи маъруфи ҷаҳон Иссэй Миякэ, ки бренди маъруфи "Issey Miyake"-ро офаридааст, даргузашт
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тарроҳи ҷопонӣ Иссэй Миякэ даргузашт, хабар медиҳад хабаргузории "Kyodo".
Ҳунарманди маъруф, асосгузори хонаи муди Issey Miyake 84-сол дошт. Сабаби маргаш бемории саратон буд.
Вай намояндаи мӯди консептуалӣ ва пайрави тарҳи ҳозиразамон ва ҳамзамон функсионалӣ бо истифода аз технологияҳои нав буд.
Илова бар ин, тамоми ҷаҳон Миякэро ба шарофати коллексияи атриёт мешиносад.
Соли 2004 ӯ дар Токио хазинаи худ бо номи The Miyake Issey Foundation-ро таъсис дод, ки намоишгоҳҳои гуногун ташкил мекунад, адабиёт нашр менамояд ва корҳои тадқиқотӣ дар самти тарроҳӣ анҷом медиҳад.
Аз соли 2007 Иссэй ба нафақа баромад, вале пас аз он ҳама коллексияҳои нав бо номи ӯ таҳия мешуданд.
Сарфи назар аз синну сол, ҳунарманд шахсан истеҳсолоти навро пайгирӣ мекард.
Миякэ 22 апрели соли 1938 дар Ҳиросимаи Ҷопон ба дунё омадааст ва дар синни 7-солагӣ ҳатто шоҳиди бомбгузории ҳастаии Амрико дар Ҳиросима будааст.
Соли 1964 тарроҳи мӯд дар Донишгоҳи санъати Тамаи Токио таҳсил карда, дар Порис ва Ню Йорк фаъолият кардааст.
Зимни бозгашт ба Токио, солҳои 1970-ум, ӯ студияи тарроҳии Miyake-ро таъсис дод ва дар он ҷо ба тарҳрезии либосҳои занона шурӯъ кард.
Аз солҳои 1980-ум, Миякэ ба муаррифии коллексияҳо дар Порис пардохт.
Вижагии ӯ дар он буд, ки ӯ либосҳои амалиро барои ҳаёти воқеӣ меофарид.