Агентӣ аз ҳавои гарму селҳои пиряхӣ тоҷикистониёнро ҳушдор дод

© КҲФОқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Обуна шудан
КҲФ аз сокинон хостааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба ронандагон тавсия шудааст, то ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ шароити бехатариро риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои 9 ва 8 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Ҳамин тариқ ҳаво дар ВМКБ бебориш буда, ғарби он шабона 13+18, рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Шарқи вилоятро бошад, шабона 3+8 ва рӯзона 19+24 дараҷа гармӣ фаро хоҳад гирифт.
Сел дар Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Хисороти зерсохтҳои ҳамлу нақл аз офатҳои табиӣ
Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Гармиҳои зиёд сокинони хатлонро тарк кардани нест. Дар водиҳои минтақа ҳав шабона 20+25, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе бошад, ҳарорати ҳаво шабона 19+24 ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0