Задухӯрдҳо дар Бангладеш барои болоравии қимати маводи сӯхт - видео

Обуна шудан
Донишҷӯён дар Дака, пойтахти Бангладеш бинобар болоравии қимати маводи сӯхт даст ба эътироз заданд. Дар задухӯрд бо пулис аз ҳар ду тараф талафот дида мешавад
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ то ҳол, шумори дақиқи осебдидагон то ҳол маълум нест.
Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки қимати бензин дар кишвар ду маротиба боло рафтааст. Баъди ин нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ низ боло рафт.
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
Рӯзи якшанбе тазоҳуркунандагон ба сӯзондани партобҳо дар роҳ шурӯъ карданд. Пулис талош кард, ки онҳоро бо зӯрӣ пароканда кунад.
Аммо имрӯз донишҷӯён дар Дака боз намоиши эътирозӣ баргузор карданд, ва аз мақомот коҳиши нархи сӯзишворӣ ва бекор кардани тасмими боло бурдани нархи чипта дар нақлиёт талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0