Эмомалӣ Раҳмон писари хурдиашро хонадор кард: тафсилот

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.08.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон писари дувум ва хурдии худ Сомон Эмомалиро хонадор кардааст ва маросими домодии ӯ дар доираи хонавода дар Душанбе баргузор шудаааст
ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон писари хурдияш Сомон Раҳмонро хонадор кард.
Як манбаи огоҳи Sputnik Тоҷикистон гуфт, тӯй дар доираи маҳдудаи оилаи раисҷумҳури кишвар сурат гирифтааст.
Ҳамчунин маълум шуд, ки кӣ келини президент шудааст.
Тибқи иттилои мавҷуда, ин духтари яке аз хизматчиёни давлатӣ аз вилояти Хатлон аст.
Свадебный букет и туфли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Аввал табобат, баъд тӯй: ташхиси пеш аз издивоҷ беморони рӯҳӣ ва СПИД-ро ошкор кардааст
Маълум аст, ки Сомон Эмомалӣ 22 сол дошта, қаблан муовини директори генералии "Талко Кабел" таъин шуда буд. Инак, моҳи июли соли 2019, дарҳол пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин корхонаи азими саноатӣ собиқаи кории худро оғоз кард.
Дар бораи писари хурдии сарвари давлат маълумоти расмӣ зиёд нест ва дар ҳузури ом кам зоҳир мешавад.
Сомон Эмомалӣ ҳанӯз замоне, ки донишомӯзи як мактаби байналмилалӣ буд, дар Олимпиадаи байналмилалии мактаббачагон дар Руминия ҳамроҳ бо як ҳамсинфаш барои таҳияи барномаи луғат соҳиби медали тилло шуда буд.
Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон 7 духтар ва 2 писар дорад.
Лентаи хабарҳо
0