Тоҷикистон метавонад ба кишвари аслии транзитӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад

© Sputnik / Alexey Malgavko / Гузариш ба медиабонкГрузовые машины на Крымском мосту, где были сняты ограничения на движение фур свыше 3,5т
Грузовые машины на Крымском мосту, где были сняты ограничения на движение фур свыше 3,5т - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2022
Обуна шудан
Ҷумҳурӣ тамоми имкониятро дорад, ки бо истифода аз роҳҳои худ дар зимни бароварда кардани эҳтиёҷоти дигар давлатҳо пул ба даст оварад
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар оянда метавонад ба яке аз кишварҳои транзитии Осиёи Марказӣ табдил ёбад. Дар ин бора вазири нақлиёт Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бахши нақлиёт 11 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 10,4 миллиард сомонӣ амалӣ шуда, панҷтои онҳо ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ пурра иҷро шуда, дар ҳолати кафолат қарор доранд.
Азим Иброҳим афзуд, дар шоҳроҳи Данғара-Оқмазор, 28,6 километр, Душанбе-Қулма дар қитъаи Калъаи Хумб-Ванҷ-сарҳади маъмурии қитъаи Рӯшон, 93 километр дарозӣ бо ду нақб, кор бо суръат идома дорад.
Начало асфальтирования улицы Лоик Шерали в городе Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2022
Вазири нақлиёт гуфт, ки роҳҳои деҳотро дар Тоҷикистон чӣ гуна обод мекунанд
Раҳбари ин ниҳод мегӯяд, дар шаш моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон беш аз 47,1 миллион тонна бор бо ҳаҷми 4,6 миллиард тонна-километр ва қариб 407 миллион мусофир бо гардиши мол интиқол дода шудааст.
Ғайр аз ин, дар ҳамаи вилоятҳо назар ба соли қаблӣ афзоиш дар боркашонй — 18,7%, гардиши бор — 20,9%, мусофиркашонӣ— 11,1%, гардиши мусофирон— 13,1% афзудааст.
Илова бар ин, дар ин давра дар соҳаи нақлиёт 1000 ҷойи корӣ пайдо шуда, ҳиссаи соҳаи нақлиёти кишвар дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 6,8 фоизро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0