https://sputnik.tj/20220807/nasha-nashamand-omor-mutodon-tojikiston-1050546497.html
Нашъа зиёду нашъаманд кам: эълони омори муътодон дар Тоҷикистон
Нашъа зиёду нашъаманд кам: эълони омори муътодон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ президенти Иёлоти Муттаҳида аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ба далели афроди нотавон дар мақомҳои раҳбарикунанда, ҳушдор дод
2022-08-07T13:40+0500
2022-08-07T13:40+0500
2022-08-07T14:15+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
агентии назорати маводи нашъаовар
нашъаманд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/49/1013654926_0:164:3059:1884_1920x0_80_0_0_df84296cf0bd70003597c14221eed6f9.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, гузориш медиҳад Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар.Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 4437 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли қабл 566 нафар ё 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5003 нафар мерасид.Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон низ ба мушоҳида мерасад, ки теъдоди онҳо ҳудуди 100 нафар гуфта мешавад.Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 48 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.Ҳамин тариқ тибқи омори ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578 килову 145 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 килову 645 гр) 52 дарсад ё 882, 5 гр зиёд мебошад,Воҳидзода мегӯяд, таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати толибон то моҳи июли соли равон, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ӯ таъкид кард, ҳол он, ки дар тамоми давраи соли 2021 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ин ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаву 185 кг-ро ташкил медод.
https://sputnik.tj/20220728/tolibon-kobulov-mavod-mukhaddir-afghoniston-1050323298.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101365/49/1013654926_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_7b8bb594aee3da166449f7a308583eda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нашъа нашъаманд омор муътодонтоҷикистон
нашъа нашъаманд омор муътодонтоҷикистон
Нашъа зиёду нашъаманд кам: эълони омори муътодон дар Тоҷикистон
13:40 07.08.2022 (Навсозишуда: 14:15 07.08.2022) Мақомоти тоҷик аз мусодираи зиёди маводи мухаддир, аммо дар ҳамин ҳол аз коҳиши теъдоди нашъамандон дар кишвар гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Шумораи нашъамандони дар қайди расмибуда дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст, гузориш медиҳад Ҳабибулло Воҳидзода, раҳбари Агентии назорати маводи нашъаовар.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷумҳурӣ 4437 нафар нашъаманд дар қайди расмӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда дар баробари ҳамин давраи соли қабл 566 нафар ё 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2021 ин нишондиҳанда ба 5003 нафар мерасид.
Ҳолатҳои муътодӣ дар кишвар миёни занон низ ба мушоҳида мерасад, ки теъдоди онҳо ҳудуди 100 нафар гуфта мешавад.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 48 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело поин мебошад.
Дар мавриди синну соли нашъамандон бошад, онҳо аслан ҷавонони аз 35 то 50-сола мебошанд.
Ҳамин тариқ тибқи омори ин ниҳод, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 578 килову 145 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 тоннаву 695 килову 645 гр) 52 дарсад ё 882, 5 гр зиёд мебошад,
Воҳидзода мегӯяд, таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати толибон то моҳи июли соли равон, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.
Ӯ таъкид кард, ҳол он, ки дар тамоми давраи соли 2021 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ин ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 тоннаву 185 кг-ро ташкил медод.