Пирӯзии ду паҳлавони тоҷик дар Чемпионати гӯштини ҷудои Осиё

© Федерация дзюдо ТаджикистанаСомон Махмадбеков
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Дар Чемпионати куштии ҷудои Осиё Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков пирӯз шуданд. Онҳо соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гаштанд
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Дар рӯзи дуюми Чемпионати гӯштини ҷудои Осиё миёни калонсолон дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон паҳлавонони тоҷик Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг мутаносибан соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ, Шодмон Ризоев дар даври финалии мусобиқа бо паҳлавони ҷопонӣ Такеши Сасаки рақобат карда, ӯро мағлуб кард ва соҳиби медали нуқра гардид.
Таъкид шудааст, ки дар роҳ ба даври финалӣ Шодмон Ризоев Чуанг Шанг Чин аз Тайпеи Чин, Владамир Золоев ва Асад Масабиров аз Қирғизистонро мағлуб кард.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки варзишгари дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков барои ба даст овардани медали биринҷӣ ҷудокори қирғиз Асад Масабировро шикаст дод.
Ҷудокорони тоҷик Муҳаммадҷон Абдуҷалилов ва Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кило дар  финали Чемпионати Осиё-Уқёнусия-2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Нашри навори сабқати ду ҷудокори тоҷик дар финали чемпионати Осиё - Уқёнусия - видео
Бояд тазаккур дод, ки нахустин қувваозмоии Сомон Маҳмадбеков зери вазни -81 кг аст. Аз ин пештар ӯ зери вазни -73 кг ҳунарнамоӣ мекард.
Паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мутаассифона медал ба даст оварда натавонист ва миёни 16 паҳлавони вазни -73 кг ҷойи 5-умро ишғол кард.
Ёдовар мекунем, ки дар рӯзи аввали рақобатҳо Шаҳбоз Саидаброров мағлуб ва Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати гӯштини ҷудои Осиё дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон нуҳ нафар паҳлавонон намояндагӣ мекунанд.
Дар Чемпионат 182 нафар варзишгарон аз 19 кишвари Осиё иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0