Давлатзода сабаби асосии иҷро нашудани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоиро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевДилмурод Давлатзода на пресс-конференции Счетной палаты 31 июля 2015 года
Дилмурод Давлатзода на пресс-конференции Счетной палаты 31 июля 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.08.2022
Обуна шудан
Мақомоти мегӯянд, сабаби аслии иҷро нашудани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар аксари шаҳру ноҳияҳо қарздорӣ ё қафомонӣ дар пардохти маош аст
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Сабаби асосии иҷро нагардидани қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон қарздорӣ ё қафомонии пардохти музди меҳнат аст.
Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар дар суҳбвт бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор доошт.
Ба гуфтаи вай, андози иҷтимоии аз он ҳисобишуда сари вақт пардохт нагардидааст.

“Инчунин яке аз омилҳои таъсиррасон ба таври пурраю фарогир андозбандӣ нагардидани кормандон дар бахши хусусӣ, алалхусус соҳаи сохтмону хизматрасонӣ, мавҷуд будани ҷойҳои кории холӣ (вакант) дар соҳаҳо мебошад”,- гуфт мақомдори тоҷик.

Ҳамзамон вай афзуд, ки мушкили мазкур дар самти маблағгузории пардохти нафақаҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Мақомот маблағи пардохти нафақа барои як моҳро эълон карданд
Вай ҳамчуни н илова кард, ки як мушкилие, ки ба паст гардидани самаранокии фаъолияти раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо оварда расондааст, фарсудаю корношоям шудани бештари таҷҳизоти компютерӣ (компютер, серверу принтерҳо) аст.
Вай гуфт бо назардошти дар соли ҷорӣ гузарондани хароҷоти нигоҳдории сохторҳои Агентӣ аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ имкониятҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ҷиҳати сари вақт харидану таъмир намудани воситаҳои техникӣ маҳдуд гардондааст.
Новобаста ба ин мушкилот мақомдори тоҷик гуфтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли равон Агентӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, пардохти саривақтии нафақаву ёрипулиҳои иҷтимоӣ, инчунин, идома додани ислоҳоти соҳа тавассути рушд ва такмили низоми қонунгузорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад, - гуфт Дилмурод Давлатзода.
Лентаи хабарҳо
0