Дар Қирғизистон "террористон" дастгир ва тирборон шуданд: видеои ҷолиб аз размоиши СПАД

Обуна шудан
Дар шаҳри Балиқчии вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон тамринҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) - "Кобалт-2022" ба поён расиданд
Дар маркази "Эделвейс"-и қисми низомии 20636 тамриноти ҷангӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар доданд.
Хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои СПАД вазифаҳои кофтуков, ҷилавгирӣ ва безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша, террористӣ, инчунин бастани роҳои қочоқи маводи мухаддир ва ошкор кардани анборҳо, лабораторияҳои нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маводи мухаддир ва нобудсозии онҳоро таҳия ва иҷро намуданд.
Илова бар ин, дар ҷараёни машқҳо нерӯҳои низомӣ оид ба пешгирии убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ, дарёфту нобуд кардани гурӯҳҳои интиқолдиҳандаи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорон, гузаронидани корҳои иктишофиву ҷустуҷӯӣ ва ғайра тамринҳо гузаронида шуданд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар марзи Афғонистон размоиши низомӣ мегузаронанд
Ба нерӯҳои махсус аз ҷониби дабири кулли СПАД Станислав Зас баҳои баланд дода шуд. Вай зикр кард, ки дар ин тамринот беш аз 500 нафар бо истифода аз 20 воҳиди техникаи низомӣ ва махсус ширкат варзида, барои иктишоф аз ҳавопаймоҳои бесарнишин фаъолона истифода шуданд.
Дар тамринҳо низомиёни Русия, Тоҷикистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон ширкат доштанд.
Инчунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ (футболи хурд, ресмонкашӣ, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ва рафъи монеаҳо) ташкил карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0