https://sputnik.tj/20220805/norak-naqshai-jamovarii-andoz-sharhi-maqomot-1050502811.html
Чаро шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро накард? Шарҳи мақомот
Чаро шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро накард? Шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Норак ахиран гуфт, ки қарздорӣ аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардида аст
2022-08-05T09:00+0500
2022-08-05T09:00+0500
2022-08-05T15:57+0500
дар тоҷикистон
андоз
норак
хатлон
мақомот
ҷамъоварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_374:0:1470:617_1920x0_80_0_0_8835c4adae6e14083a4ceb834bf6f409.jpg
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 76 дарсад иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 43, 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, гуфт Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак, зимни нишасти матбуотӣ. Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда назар ба нақша 14,1 миллион сомонӣ кам мебошад.Дар ҳамин ҳол, нозироти андози шаҳр иттилоъ додааст, ки қарздорӣ аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардида, беш аз 1 миллион сомонии он қарзи андози иҷтимоӣ мебошад.Ёдовар мешавем, чанде пеш Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфта буд, ки шаҳри Норак дар шаш моҳи соли равон беш аз 8 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунии вилоятро пардохт накардааст.Ҳамзамон Дилшод Асозода дар нишасти матбуотӣ дар бораи шумораи муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, таъкид кард.Ба гуфтаи вай, то кунун бо кумаки падару модарон 50 дарсади муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд.“Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири мактабҳои шаҳр наздик ба 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст”,- гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20220716/qarzho-buzurg-andoz-afzud-kan-omor-1050034961.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032539313_501:0:1456:716_1920x0_80_0_0_f23890a2db6a1702e1b67114371ddd79.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, норак, нақша, ҷамъоварӣ, андоз, мақомот
тоҷикистон, норак, нақша, ҷамъоварӣ, андоз, мақомот
Чаро шаҳри Норак нақшаи ҷамъоварии андозро иҷро накард? Шарҳи мақомот
09:00 05.08.2022 (Навсозишуда: 15:57 05.08.2022) Мақомоти шаҳри Норак ахиран гуфтанд, ки қарзи ин шаҳр аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст
ДУШАНБЕ, 5 август — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъоварии андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 76 дарсад иҷро гардида, ба буҷети маҳаллӣ 43, 5 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, гуфт Дилшод Асозода, раиси шаҳри Норак, зимни нишасти матбуотӣ.
Вай таъкид кард, ки ин нишондиҳанда назар ба нақша 14,1 миллион сомонӣ кам мебошад.
Дар ҳамин ҳол, нозироти андози шаҳр иттилоъ додааст, ки қарздорӣ аз андоз то 1 июли соли равон ба 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ баробар гардида, беш аз 1 миллион сомонии он қарзи андози иҷтимоӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, гуфта буд, ки шаҳри Норак дар шаш моҳи соли равон беш аз 8 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунии вилоятро пардохт накардааст.
Ҳамзамон Дилшод Асозода дар нишасти матбуотӣ дар бораи шумораи муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, то кунун бо кумаки падару модарон 50 дарсади муассисаҳои таълимӣ аз таъмир бароварда шуданд.
“Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмири мактабҳои шаҳр наздик ба 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст”,- гуфт ӯ.