Дар Тоҷикистон маблағи фиристодаи муҳоҷиронро ҳисоб карда натавонистанд

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Ҳаҷми интиқоли пули воридшуда сар аз аввали сол аз ҷониби шаҳрвандони кишвар , ки дар хориҷ кор мекунанд, то ҳол маълум нест
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Оҷонсии омор дар нишасти матбуотӣ аз ироаи маълумот дар мавриди маблағи ирсолнамудаи муҳоҷирон дар зарфи шаш моҳи соли равон худдорӣ кард.
Гулнора Ҳасанзода, роҳбари Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, беҳтар аст ин маълумотро аз бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллӣ дастрас кунанд.

“Маълумоти саҳеҳтарро аз Бонки миллӣ гиред. Чӣ даркор аст ба шумо дурӯғ гуфтан. Биёед наистем сари ин масъала ва ба суоли дигар гузарем”, - гуфт Ҳасанзода.

Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ нагуфт, ки муҳоҷирони тоҷик чӣ қадар маблағ ба Ватан фиристоданд.
Фирдавс Толибзода, ноиби раиси бонки милли гуфт, “маблағҳо ба Тоҷикистон аз тариқи роҳҳои гуногун ворид карда мешаванд ва ба ҳамин далел маълумоти муайян дар бораи он, ки чӣ қадараш маблағи муҳоҷирон аст, мушаххас нест.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, асосан Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо василаи асосии ба эътидол овардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар Ватан арзёбӣ мешавад.
Муҳоҷирони тоҷик чанд пул ба Ватан фиристодаанд: Бонки миллӣ фаҳмонд, ки чаро намедонад
Расман ба иттилои мақомоти Тоҷикистон соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванд дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.

Аз шумораи умумии онҳо 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0