https://sputnik.tj/20220804/tojikiston-mavqei-khudro-dar-robita-ba-vazi-tayvan-elon-kard-1050493749.html
Тоҷикистон мавқеи худро дар робита ба вазъи Тайван эълон кард
Тоҷикистон мавқеи худро дар робита ба вазъи Тайван эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба қазияи Тайван, ки ахиран бо сафари намояндагони Конгресси ИМА доғтар шуд, гуфт, ҷонибдори сиёсати "Чини ягона" ҳаст
2022-08-04T18:20+0500
2022-08-04T18:20+0500
2022-08-04T19:07+0500
дар тоҷикистон
чин
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:432:4608:3024_1920x0_80_0_0_2e6a2a5a669444869b82ca9ddc0666f8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 август — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мавзеъгирии ҷумҳуриро дар мавриди вазъ дар атрофи Тайван баён кард. Изҳороти расмии вазорати корҳои хориҷӣ дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.Ин ниҳод гуфтааст, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.Вазорат гуфтааст, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад ва ҷонибдори сиёсати "Чини ягона" ҳаст."Мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем", — омадааст дар изҳороти ин ниҳод.Ёдовар мешавем, ки авзоъ дар атрофи Тайван дар робита ба сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба ҷазира, ки Чин онро музофоти худ медонад, шиддат гирифт. Амалҳои сенаторро ҳам мақомоти Чину Русия ва ҳам сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони амрикоӣ маҳкум карданд. Кохи Сафед, дар навбати худ, гуфт, ки сенатор тасмим гирифтааст, ки худаш сафар кунад ва ин тасмими шахсии ӯст. Эътирозҳо дар худи ҷазира оғоз шуданд ва Чин алайҳи ширкатҳои Тайван таҳрим ҷорӣ кард, воридоти қум ва баъзе маҳсулот аз ҷазираро мутаваққиф кард.
https://sputnik.tj/20220804/chin-tayvan-razmoish-besobiqa-1050485370.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101323/27/1013232727_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_db40810332627bbeb524a76379a079d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон мавқеъ вазъ тайван
тоҷикистон мавқеъ вазъ тайван
Тоҷикистон мавқеи худро дар робита ба вазъи Тайван эълон кард
18:20 04.08.2022 (Навсозишуда: 19:07 04.08.2022) Ҷониби Тоҷикистон дар робита ба қазияи Тайван, ки ахиран бо сафари намояндагони Конгресси ИМА доғтар шуд, гуфт, ҷонибдори сиёсати "Чини ягона" аст
ДУШАНБЕ, 4 август — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мавзеъгирии ҷумҳуриро дар мавриди вазъ дар атрофи Тайван баён кард. Изҳороти расмии вазорати корҳои хориҷӣ дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шудааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки таҳаввулоти минтақаро мавриди пайгирӣ қарор медиҳад.
"Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Ҷумҳурии Мардумии Чин мувофиқи меъёр ва принсипҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад", - таъкид кард ин ниҳод.
Вазорат гуфтааст, ки мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Тайван бетағйир боқӣ мемонад ва ҷонибдори сиёсати "Чини ягона" ҳаст.
"Мавқеи мо дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии бунёдии Тоҷикистону Чин баён гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки аз тамоми Чин намояндагӣ мекунад, ягона ҳукумати қонунӣ эътироф мекунем", — омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, ки авзоъ дар атрофи Тайван дар робита ба сафари раиси палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба ҷазира, ки Чин онро музофоти худ медонад, шиддат гирифт.
Амалҳои сенаторро ҳам мақомоти Чину Русия ва ҳам сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони амрикоӣ маҳкум карданд.
Кохи Сафед, дар навбати худ, гуфт, ки сенатор тасмим гирифтааст, ки худаш сафар кунад ва ин тасмими шахсии ӯст.
Эътирозҳо дар худи ҷазира оғоз шуданд ва Чин алайҳи ширкатҳои Тайван таҳрим ҷорӣ кард, воридоти қум ва баъзе маҳсулот аз ҷазираро мутаваққиф кард.