https://sputnik.tj/20220804/tojikiston-armi-2022-piruzi-talosh-1050478274.html
Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои АРМИ-2022 барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард
Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои АРМИ-2022 барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Имсол мусобиқоти бонуфузи низомӣ дар қаламрави дувоздаҳ давлат, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор мешавад
2022-08-04T10:01+0500
2022-08-04T10:01+0500
2023-07-04T17:44+0500
қувваҳои мусаллаҳ
дар тоҷикистон
тамриноти низомӣ
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031786898_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_56a36312df9fef1089042b37f532d481.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артиш - 2022 (АРМИ) ширкат мекунад. Маълум аст, ки сабқат имсол аз 13 то 27 август дар 12 давлат ҳамчун як чорабинии бузурги сол барпо мегардад. Мусобиқот аз ҷумла дар Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.Бори аввал яке аз шартҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад, гузаронидани "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дар умум, 275 даста аз 37 давлат ширкати худро дар сабқатҳо тасдиқ кардаанд.“Туфон”-у чатрбозӣ: ба Раҳмон дар Фахробод чӣ нишон доданд? – аксДастаҳои Нигер ва Руанда бори аввал дар сабқати АРМИ - 2022 ширкат мекунанд. Аллакай маълум аст, ки Ӯзбекистон, ки бори аввал мизбони Бозиҳои байналмилалӣ мешавад, 5 намуди сабқатҳо баргузор хоҳад кард.Мусобиқаҳои “Ошхонаи саҳроӣ” ва “Устоди силоҳбадаст” дар Ҷиззах дар майдони “Фориш”, “Муҳити бехатар” дар майдони “Сазаган”-и Самарқанд баргузор мешаванд. Ҳузури Раҳмон дар машқҳои махсуси тактикӣ дар Фахробод - видео Қобили зикр аст, ки дар ҳама самтҳои дахлдори сабқат, низоми видеоконфронс, минтақаҳои WI-FI, хидматрасонии баландсуръати интернет, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои хидматрасонии операторони мобилии маҳаллӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои матбуотӣ ташкил карда шудаанд.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031786898_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_2b1bfd50da1ff44a4c130c6fb38a2d23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
арми-2022, тоҷикистон, низомиёни тоҷик, ширкат
арми-2022, тоҷикистон, низомиёни тоҷик, ширкат
Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои АРМИ-2022 барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард
10:01 04.08.2022 (Навсозишуда: 17:44 04.07.2023) Имсол мусобиқоти бонуфузи низомӣ дар қаламрави дувоздаҳ давлат, аз ҷумла Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ӯзбекистон ва Эрон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артиш - 2022 (АРМИ) ширкат мекунад.
Маълум аст, ки сабқат имсол аз 13 то 27 август дар 12 давлат ҳамчун як чорабинии бузурги сол барпо мегардад.
Мусобиқот аз ҷумла дар Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Венесуэла, Ветнам, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Бори аввал яке аз шартҳои бозӣ дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ баргузор мешавад, гузаронидани "Снайперский рубеж" ба Венесуэла бовар карда шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни Бозиҳо якбора ташкили 36 мусобиқаи байналмилалӣ дар назар аст. Дар умум, 275 даста аз 37 давлат ширкати худро дар сабқатҳо тасдиқ кардаанд.
Дастаҳои Нигер ва Руанда бори аввал дар сабқати АРМИ - 2022 ширкат мекунанд.
Аллакай маълум аст, ки Ӯзбекистон, ки бори аввал мизбони Бозиҳои байналмилалӣ мешавад, 5 намуди сабқатҳо баргузор хоҳад кард.
Мусобиқаҳои “Ошхонаи саҳроӣ” ва “Устоди силоҳбадаст” дар Ҷиззах дар майдони “Фориш”, “Муҳити бехатар” дар майдони “Сазаган”-и Самарқанд баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳама самтҳои дахлдори сабқат, низоми видеоконфронс, минтақаҳои WI-FI, хидматрасонии баландсуръати интернет, нуқтаҳои мубодилаи асъор, нуқтаҳои хидматрасонии операторони мобилии маҳаллӣ, нуқтаҳои савдо ва марказҳои матбуотӣ ташкил карда шудаанд.