https://sputnik.tj/20220804/tarkish-berlin-video-1050489694.html
Таркишҳои мудҳиш дар наздикии Берлин: видео аз ҷои ҳодиса
Таркишҳои мудҳиш дар наздикии Берлин: видео аз ҷои ҳодиса
Sputnik Тоҷикистон
Дар наздикии пойтахти Олмон дар як анбори лавозимоти ҷангии куҳна, чанд таркиш ба вуқӯъ пайваст: дар натиҷаи ҳолати изтирорӣ сӯхтори шадид сар зад
2022-08-04T16:13+0500
2022-08-04T16:13+0500
2022-08-04T16:13+0500
берлин
олмон
таркиш
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050487689_0:62:1025:638_1920x0_80_0_0_e1fe8aac0053b0771147b3fd7405121a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар ҷангали Груневалди байни Берлин ва Потсдам баъд аз таркишҳо дар анбори муҳимоти ҷангӣ, сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора хадамоти оташнишонии пойтахти Олмон хабар медиҳад. Наҷотдиҳандагон қайд карданд, ки таркишҳо дар анбори лавозимоти ҷангии кeҳна рух дода, боиси сӯхтор шудааст. Дар он ҷо аксар вақт снарядҳои натаркидаи замони ҷанг барҳам дода мешаванд. Сӯхтор, ки дар натиҷаи таркишҳо ба вуҷуд омадааст, ба ҷангали наздиктарин паҳн шудааст. Ҳоло сӯхтор 15 ҳазор метри мураббаи ҷангалро фаро гирифтааст, наҷотдиҳандагон то ҳол ба манбаи оташгиранда наздик шуда наметавонанд. Ҳанӯз эҳтимоли таркишҳои бештар вуҷуд дорад. Ба гуфтаи сӯхторнишонҳо, ба биноҳои истиқоматии ҳамсоя хатаре таҳдид намекунад. Дар айни замон хатти роҳи оҳан байни Берлин ва Потсдам баста шудааст. Дар вилояти Маскав як анбори "Ozon" оташ гирифт -видеоХотирнишон мекунем, ки ҳоло дар Берлин ҳавои хушку гарм муқаррар шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво то +33 дараҷа гарм мешавад.
берлин
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/04/1050487689_45:0:896:638_1920x0_80_0_0_4f2f798703d86ab31d2ad2adc79fc872.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таркиш, мудҳиш, берлин
Таркишҳои мудҳиш дар наздикии Берлин: видео аз ҷои ҳодиса
Дар наздикии пойтахти Олмон дар як анбори лавозимоти ҷангии куҳна, чанд таркиш ба вуқӯъ пайваст: дар натиҷаи ҳолати изтирорӣ сӯхтори шадид сар зад
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар ҷангали Груневалди байни Берлин ва Потсдам баъд аз таркишҳо дар анбори муҳимоти ҷангӣ, сӯхтор ба амал омад.
Дар ин бора хадамоти оташнишонии пойтахти Олмон хабар медиҳад.
Наҷотдиҳандагон қайд карданд, ки таркишҳо дар анбори лавозимоти ҷангии кeҳна рух дода, боиси сӯхтор шудааст.
Дар он ҷо аксар вақт снарядҳои натаркидаи замони ҷанг барҳам дода мешаванд.
Сӯхтор, ки дар натиҷаи таркишҳо ба вуҷуд омадааст, ба ҷангали наздиктарин паҳн шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир дар Груневалд оташсӯзӣ ва таркишҳо идома дорад. Хадамоти изтирорӣ расида, сӯхторро таъйид карданд", — навиштааст идораи оташнишонии Берлин дар шабакаи иҷтимоӣ.
Ҳоло сӯхтор 15 ҳазор метри мураббаи ҷангалро фаро гирифтааст, наҷотдиҳандагон то ҳол ба манбаи оташгиранда наздик шуда наметавонанд.
Ҳанӯз эҳтимоли таркишҳои бештар вуҷуд дорад. Ба гуфтаи сӯхторнишонҳо, ба биноҳои истиқоматии ҳамсоя хатаре таҳдид намекунад.
Дар айни замон хатти роҳи оҳан байни Берлин ва Потсдам баста шудааст.
Хотирнишон мекунем, ки ҳоло дар Берлин ҳавои хушку гарм муқаррар шудааст. Рӯзона ҳарорати ҳаво то +33 дараҷа гарм мешавад.