Дар сӯхтори анбори "Ozon" як муҳоҷири тоҷик ҷароҳатдор шудааст

© Pixabay/DeSa81Взрыв, дым, огонь
Взрыв, дым, огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз захмӣ шудани як муҳоҷири тоҷик дар паи сӯхтори анбори мағозаи интернетии "Ozon" дар шаҳри Истра хабар дод
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар паи сӯхтори анбори мағозаи интернетии "Ozon" дар шаҳри Истраи вилояти Маскав як муҳоҷири тоҷик ҷароҳатдор шудааст.
Дар ин бора аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

"Дар сӯхтори "Ozon" дар шаҳри Истра як муҳоҷири тоҷик ҷароҳатдор шуд. Ӯ аз ноҳияи мағзи сараш осеб дида, феълан дар бемористон қарор дорад" , - гуфт манбаъ.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Русия гурӯҳи корӣ ташкил кардаанд ва барои расонидани кумак ба муҳоҷири осебдида омодаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ҳузури муҳоҷирон дар сӯхтори "Ozon"-ро таҳқиқ мекунад
Аҳволи муҳоҷири ҷароҳатбардошта, муътадил арзёбӣ мешавад.
Муҳоҷири тоҷик дақиқаҳои аввали сӯхтори анбори "Ozon"-ро сабт кард - видео
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 3 август дар анбори мағозаи интернетии "Ozon", воқеъ дар шаҳри Истраи вилояти Маскав сӯхтор сар зад, ки беш аз 55 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Оташнишонон танҳо субҳи 4 август тавонистанд, сӯхторро хомӯш кунанд.
Дар пайи сӯхтори анбор як тан ҳалок шуда, 13 нафари дигар маҷруҳ шуд.
Лентаи хабарҳо
0