https://sputnik.tj/20220804/sokin-10-millionum-tojikiston-muayyan-1050479075.html
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфти роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян крада шуд
2022-08-04T10:26+0500
2022-08-04T10:26+0500
2022-08-19T18:08+0500
омор
дар тоҷикистон
таваллуд
аҳолӣ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_40:0:800:428_1920x0_80_0_0_db5608cdd19d8442f8fced1723002d31.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян карда шуд, гуфт Гулнора Ҳасанова раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш.Ба гуфтаи Ҳисанова раванди муаянсозӣ низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ шаффоф сурат гирифтааст."Аз рӯи ҳисоби натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аҳолии Тоҷикистон 9 890 886 нафарро ташкил дода буд. Ба ҳолати 1 июл бошад, аҳолии кишвар аллакай ба 9 988 011 нафар баробар шуд. Баъдан аз рӯи таваллуд ва нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шуд, ки 23 июл ин рӯзи таваллуди кӯдаки 10 миллионум аст. Вақти таваллуд, рӯзона аз соати 12:27 то 12:30 ҳисоб карда шуд", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.Ба қавли Ҳасанзода маҳз дар ҳамин соату дақиқа дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе, модари ҷавон Латофат Шокирова писари худро ба дунё овард, ки Фирдавс номгузорӣ шуд.Баъдан комисияи байниидоравӣ аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ кор карда, кӯдакро муайян намуданд, афзуд роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.Ин дар ҳолест, ки зимни гузоришҳои аввалӣ аз таваллуд шудани сокини 10 - миллионум АМИТ "Ховар", сотаи ба дунё омадани ӯро 12:00 зикр карда буд.Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?Гуфта шуд, ки падари сокини 10-миллионуми Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.Манбаъ афзуд, ки аллакай бо гузашти ду ҳафта, теъдоди аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар ҳам гузашт.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/17/1050208659_227:0:800:430_1920x0_80_0_0_73c60235c88cd6c97d276588447415a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокини 10 миллионум, душанбе, таваллуд
сокини 10 миллионум, душанбе, таваллуд
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд: посухи раиси Агентии омор
10:26 04.08.2022 (Навсозишуда: 18:08 19.08.2022) Роҳбари Агентии омори Тоҷикистон шарҳ дод, ки сокини 10-миллионуми Тоҷикистон чӣ гуна муайян карда шуд, ва он то куҷо шаффоф аст
ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Сокини 10-миллионуми кишвар аз рӯи методологияи байналмилалӣ ҳисоб ва муайян карда шуд, гуфт Гулнора Ҳасанова раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарияш.
Ба гуфтаи Ҳисанова раванди муаянсозӣ низ дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ шаффоф сурат гирифтааст.
"Аз рӯи ҳисоби натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2022 аҳолии Тоҷикистон 9 890 886 нафарро ташкил дода буд. Ба ҳолати 1 июл бошад, аҳолии кишвар аллакай ба 9 988 011 нафар баробар шуд. Баъдан аз рӯи таваллуд ва нишондиҳандаҳо ҳисоб карда шуд, ки 23 июл ин рӯзи таваллуди кӯдаки 10 миллионум аст. Вақти таваллуд, рӯзона аз соати 12:27 то 12:30 ҳисоб карда шуд", - гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Ба қавли Ҳасанзода маҳз дар ҳамин соату дақиқа дар таваллудхонаи рақами 2-и шаҳри Душанбе, модари ҷавон Латофат Шокирова писари худро ба дунё овард, ки Фирдавс номгузорӣ шуд.
Баъдан комисияи байниидоравӣ аз ҷониби Агентии омори Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ кор карда, кӯдакро муайян намуданд, афзуд роҳбари Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
"Ин методолигияи байналмилалӣ аст, ки барои муайян кардани сокинони 7, 8 ва 9-миллионуми Тоҷикистон низ истифода шудааст", - таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки зимни гузоришҳои аввалӣ аз таваллуд шудани сокини 10 - миллионум АМИТ "Ховар", сотаи ба дунё омадани ӯро 12:00 зикр карда буд.
Гуфта шуд, ки падари сокини 10-миллионуми Тоҷикисон муҳоҷири меҳнатӣ ва модараш хонашин буда, ӯ нахустин фарзанди ин оилаи ҷавон мебошад.
Манбаъ афзуд, ки аллакай бо гузашти ду ҳафта, теъдоди аҳолии Тоҷикистон аз 10 миллион нафар ҳам гузашт.