https://sputnik.tj/20220804/bozdosht-dekan-qabuli-uzbekiston-donishgoh-1050488592.html
Пул гирифт: боздошти муовини декан барои қабули 20 ӯзбекистонӣ ба Донишгоҳи Хуҷанд
Пул гирифт: боздошти муовини декан барои қабули 20 ӯзбекистонӣ ба Донишгоҳи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарчанд довталабони кишвари ҳамсоя тариқи қонунӣ ба донишгоҳ дохил шуда бошанд ҳам, аммо кормандони донишгоҳ бо ваъдаи мусоидат ба шомилкунӣ пул талаб кардаанд
2022-08-04T14:43+0500
2022-08-04T14:43+0500
2022-08-04T17:08+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошти гумонбарон
хуҷанд
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_a29bf136725b511027a364eecd34c1b3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як муовини декани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров барои ба донишгоҳ дохил намудани 20 шаҳрванди Ӯзбекистон 12 ҳазор доллар талаб намуда гирифтаастДар ин бора Дилшод Зарифӣ, муовини сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, хонум А.Н.дар асоси фармоиши ректори Муассисаи давлатии таълимии мазкур аз 1 сентябри соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи болозикр кор карда, дар ҳамдастӣ бо се тани дигар даст ба ҷунин кор задааст.Гуфта мешавад, боздоштшуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҷонишини сардори маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳи мазкур Қ.З ва директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷ.Расулов, Б.М. аз шаҳрванд Раҳматов А. А. барои ба Донишгоҳи болозикр дохил намудани 20 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон 12000 доллари ИМА талаб намудааст.Мансабдори донишгоҳ бо ҳаммаслаконаш ҳаминтавр 19 январи соли 2022 аз корафтода 20000 сомонӣ, 7 феврал 2800 доллар ва ахиран боқимонда 70 ҳазор сомонии дигарро дар назди бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов гирифта, дар натиҷа ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расониданд. Намояндаи Оҷонсӣ гуфт, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудаҳо бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарари расонида низ пурра барқарор карда шудааст.Маврид ба зикр аст, ки назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220803/shahru-navohi-sugd-fasodkori-afzoish-omor-1050458893.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868614_79:0:2810:2048_1920x0_80_0_0_51cd77f3f3e36092a7da256a9c89b580.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул боздошт муовин декан донишгоҳ хуҷанд
пул боздошт муовин декан донишгоҳ хуҷанд
Пул гирифт: боздошти муовини декан барои қабули 20 ӯзбекистонӣ ба Донишгоҳи Хуҷанд
14:43 04.08.2022 (Навсозишуда: 17:08 04.08.2022) Ҳарчанд довталабони кишвари ҳамсоя қонунӣ ба донишгоҳ дохил шуда бошанд ҳам, аммо кормандони донишгоҳ бо ваъдаи "мусоидат кардан" аз онҳо пул талаб кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Як муовини декани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров барои ба донишгоҳ дохил намудани 20 шаҳрванди Ӯзбекистон 12 ҳазор доллар талаб намуда гирифтааст
Дар ин бора Дилшод Зарифӣ, муовини сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, хонум А.Н.дар асоси фармоиши ректори Муассисаи давлатии таълимии мазкур аз 1 сентябри соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи болозикр кор карда, дар ҳамдастӣ бо се тани дигар даст ба ҷунин кор задааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҷонишини сардори маркази бақайдгирӣ ва машварати донишгоҳи мазкур Қ.З ва директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷ.Расулов, Б.М. аз шаҳрванд Раҳматов А. А. барои ба Донишгоҳи болозикр дохил намудани 20 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон 12000 доллари ИМА талаб намудааст.
Мансабдори донишгоҳ бо ҳаммаслаконаш ҳаминтавр 19 январи соли 2022 аз корафтода 20000 сомонӣ, 7 феврал 2800 доллар ва ахиран боқимонда 70 ҳазор сомонии дигарро дар назди бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷ.Расулов гирифта, дар натиҷа ба охирон зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Намояндаи Оҷонсӣ гуфт, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршудаҳо бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зарари расонида низ пурра барқарор карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки назари худи афроди боздоштшуда ва ҷониби ҳимояашон то кунун дақиқ нест.
Маврид ба зикр аст, ки ин моддаи қонун аз 22 то 58 ҳазор сомонӣ ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазоро пешбинӣ мекунад.