Дар вилояти Маскав як анбори "Ozon" оташ гирифт -видео

Обуна шудан
Анборе, ки он ҷо сӯхтори даҳшатнок сар зад, дар ҳудуди ноҳияи Истра ҷойгир аст, вале дуди бархоста аз ин оташсӯзӣ аз ноҳияи Одинсово низ ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар вилояти Маскав як анбори бузурги бозори маъруфи "Ozon" оташ гирифтааст.
Макони сӯхтор дар шоҳроҳи Новорижское дар ноҳияи Истринский воқеъ аст. Сӯхтор дар майдони 20 ҳазор метри мураббаъ аланга гирифтааст.
Феълан ба ҷои ҳодиса дастаҳои оташнишонӣ ва наҷотдиҳандагон ҳаракат доранд. Дар бораи қурбониён то ҳол маълумот дастрас нашудааст.
Кормандони ширкати Ozon дар ҷои ҳодиса аввалин наворҳоро пас аз сар задани сӯхтор наворбардорӣ мекунанд. Дуди сиёх зуд дар ҳаво паҳн мешавад. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дуди сӯхтор дар ноҳияи ҳамсояи Одинсова низ ба назар мерасад.
Тахмин зада мешавад. ки дар анбор расиши кӯтоҳи ноҳиқҳои барқӣ рух дода, рафҳои молу коло сӯхтааст.
Ҳоло тамоми кормандонро кӯч доданд ва аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо қариб ба ҳазор нафар расад.
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки чаҳор корманди ширкати Ozon ҳанӯз пайдо нашудаанд ва бахше аз боми анбор аллакай фурӯ рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0